Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Муҳаммадризо Маҷидӣ
26-уми сентябри соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парлумонии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода зикр кард, ки вазифаи мо – вакилони парламентҳо аз он иборат аст, ки бо истифода аз имкониятҳои дипломатияи парламентӣ барои аз байн бурдани монеаҳои сиёсию иҷтимоӣ, густариши робитаҳо байни халқҳо ва таҳкими фарҳанги сулҳ мусоидат намоем.
Дар мулоқот, ҳамчунин, зикр гардид, ки бо пуштибонӣ аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳо ва Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро дар Душанбе қабул намуд, ки боиси ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст.
Баъд аз анҷоми мулоқот Муҳаммадризо Маҷидӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз бинои нави парлумони Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
