https://sadoimardum.tj

Эмомалӣ Раҳмон ва мақоми шоистаи Тоҷикистон

№:145 (5197), 13 ноя 2026, 15:22
13

Ҷомеаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ташаббускори масоили об, ­тағйирёбии иқлим, ҳифзи пир­яхҳо ва рушди устувори экологӣ эътироф намудааст, ки ин боиси ифтихори кулли шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.
Ин эътироф натиҷаи ду даҳсолаи дипломатияи мансуб ба оби кишвар аст, ки соли 2003 бо эълони Соли байналмилалии оби тоза оғоз гардид ва соли 2026 бо таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба марҳалаи сифатан нав ворид шуд.
Назари Роҳбари давлат дар ин мавзуъ илман асоснок аст: захираҳои оби ошомиданӣ сол аз сол коҳиш меёанд, талабот ба он бошад, беист меафзояд. Ҷаноби Олӣ ин мушкилро масъалаи як кишвар ё як минтақа намедонанд ва дар ҳар суханронии худ на танҳо вазъи Тоҷикистон, балки осебпазирии тамоми ҷомеаи ҷаҳониро таҳлил менамоянд.
Зимни ифтитоҳи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд 26 майи соли 2026 дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе Пешвои миллат таъкид намуданд, ки имрӯз миллиардҳо нафар ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд ва қариб 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди аққал як моҳ но-расоии шадиди обро аз сар мегузаронанд. Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 бошад, ҳадди аққал 25 фоиз меафзояд ва ин зарурати 50 фоиз бештар истеҳсол намудани маҳсулоти озуқавориро ба миён меорад, ҳамзамон, қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини сайёра метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гардад.
Таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим - хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр вазъи ҷориро боз ҳам шиддат мебахшад.
Пешвои миллат ин рақамҳоро на пешгӯии хушку холӣ, балки «ҳушдори ҷиддӣ ва даъват ба амал ба ҳар яки мо» арзёбӣ намуданд.
Дар ин конфронс муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лӣ Сзюнхуа иттилоъ дод, ки ҷаҳон аз ноил гардидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор қафо монда, 2,2 миллиард нафар то ҳол ба оби нӯшокии бехатар ва 3,5 миллиард нафар ба шароити бехатари беҳдоштӣ даст-расӣ надоранд.
САРЧАШМАИ ОБИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Ватани мо аз ҷиҳати захираҳои об дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои обии кишварҳои Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Аз ҳудуди кишвар 947 дарёи хурду калон ҷорӣ мегардад, ки дарозии умумии онҳо ба 28 ҳазору 500 километр мерасад.
Зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгиранд ва сарчашмаи асосии оби тозаи ошомидании минтақаро ташкил медиҳанд. Ин воқеият масъулияти таърихии кишвари моро дар назди мин-тақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад: ҳар тағйире, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон рух медиҳад, дар тамоми Осиёи Марказӣ инъикос меёбад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланди Коалитсияи об ва иқлим (3 марти соли 2021, шаҳри Душанбе) аз босуръат об шудани пиряхҳо дар Арктика, Антарк­тида, Гренландия ва дигар манотиқи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, нигаронӣ карда, иброз дош­танд, ки пешгирӣ накардани раванди босуръати обшавии пиряхҳо метавонад ҷомеаи ҷаҳониро бо оқибатҳои ногувор рӯ ба рӯ созад.
Чунончӣ, танҳо аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз 1300 адади онҳо пурра об шуданд.
ҶОИЗАИ БЕНАЗИР
Эълони таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи об 26 майи соли 2026 зимни Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта-рам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз лаҳзаҳои мондагортарини конфронс табдил ёфт. Сарвари давлат иброз наму-данд, ки «ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст».
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026 Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об расман таъсис ёфт. Дар матни фармон омадааст, ки ҷоиза бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, ҳамчунин, ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ва тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст.
Бояд гуфт, ки Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи махсус ба дипломатияи об, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташаккули сиёсати устувори обӣ аз ҷоизаҳои дигар тафовут дорад. Ҷоизаи оби Сток-голм (Stockholm Water Prize), ки соли 1991 аз ҷониби Бунёди байналмилалии оби Стокголм (SIWI) ва Ҷоизаи Лӣ Куан Ю дар соҳаи об (Lee Kuan Yew Water Prize), ки соли 2008 аз ҷониби Ҳукумати Сингапур ба номи нахуства-зири ин кишвар Лӣ Куан Ю таъсис ёфтаанд, бештар ба илм ва технология таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, вале Ҷо-изаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамгироии илм, сиёсат ва дипломатия нигаронида шудааст. Маҳз ҳамин вежагӣ ба ин ҷоиза ҷойгоҳи махсус дар низоми ҷоизаҳои байналмилалии соҳаи об фа-роҳам овардааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар миқёси байналмилалӣ дар соҳаи об ҷоизаҳое таъсис ёфтаанд, ки танҳо ба як бахши махсуси марбут ба об, аз қабили лоиҳаҳои беҳтарин дар самти тозакунии обҳои партов, пажуҳишҳо дар минтақаҳои хушк ва бартарии корҳои муҳандисию илмӣ дар соҳаи об рабт доранд. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи об бошад, фарогири самтҳои хеле фарох ва бисёрҷониба мебо-шад ва тамоми ҷанбаҳои марбут ба обро - аз ҳамкории байналмилалӣ ва тадқиқоти бунёдии илмӣ то рушди устувори экологӣ ва пешбурди корҳои амалӣ ба ҳам меоварад.
Ҳамин тавр, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об метавонад бахши махсуси «ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» дош­та бошад. Ин самт бо ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар бораи Соли ҳифзи пиряхҳо ва Даҳсолаи илм­ҳои криосфера мувофиқат мекунад. Вазифаи чунин бахш метаво-над қадрдонии таҳқиқоти пир­яхшиносӣ, мониторинги иқлимӣ, технологияҳои пешгӯии хавфи обхезӣ ва сиё-сати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бошад.
Инчунин, ҷоиза метавонад ба ташвиқи лоиҳаҳое равона гардад, ки ҳамзамон арзиши иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро ба назар мегиранд. Барои мисол, технологияҳои сарфаи об дар кишоварзӣ, тозакунии обҳои ифлос, истифодаи маълумоти рақамӣ дар идоракунии захираҳои обӣ, мониторинги пиряхҳо ва моделсозии хавфҳои иқлимӣ метавонанд самтҳои афзалиятноки ташвиқотии ҷоиза бошанд.
Иқдоми таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби иштирокчиёни воломақоми конфронс - намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва роҳбарони ­ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ истиқболи гарм ёфта, коршиносони байналмилалӣ онро ташаббуси хеле муҳиму саривақтӣ ва барои ҳавасмандгардонии ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об муассир хонданд.
Ташаббуси навбатии Сарвари давлати мо идомаи мантиқии сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар мас­ъалаҳои об аст. Чунин ташаббусҳо барои дарки арзиши аслии об чун манбаи ҳаёт, амнияти озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим заминаи боэътимод мегузоранд. Тоҷикистон бо таъсиси ин ҷоиза нақши худро ҳамчун миёнҷигар, ҳамоҳангсоз ва ташаббускори муколамаҳои минтақавӣ тақвият бахшид.
Ҳисси баланди инсондӯстӣ, хайр­хоҳӣ ва талош барои рафъи мушкилоти сокинон аз фазилатҳои хоси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлати мо мехоҳанд фарзандони дигар қавму миллатҳо ба мисли фарзандони Тоҷикистон ҳаёти хуррамона ба сар баранд ва ба ғизои солим, бахусус оби ошомиданӣ, дастрасӣ дошта бошанд.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба он равона гардидааст, ки захираҳои бою фаровони оби тоза ба манфиати сокинони сайёра самаранок истифода шаванд ва боигариҳои офаридаи табиат на танҳо барои насли имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ оқилона нигоҳ дошта шаванд.
ХУЛОСА
Ба шарофати Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир мақому манзалати хос дорад. Мавқеи ҷуғрофии кишвар, мавҷудияти пиряхҳо, ташаккули қисми муҳими захи-раҳои обии минтақа ва таҷрибаи дипломатии Тоҷикистон сабаб гардиданд, ки масъалаи об ба яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар табдил ёбад.
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро бояд марҳилаи сифатан нави дипломатияи марбут ба масоили об маънидод кард. Таъсиси ин ҷоиза на танҳо иқдоми муваффақ, балки васи-лаи стратегии хеле муассири сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Ҷоизаи мазкур метавонад ҳамчун идомаи мантиқии «Раванди оби Душанбе» баррасӣ шавад. Ин иқдом манзалати кишвари моро баҳри ҳалли мушкилоти марбут ба об ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ боз ҳам боло-тар бурд.
Об, ки ҳамеша сарчашмаи ҳаёт буд, бо ташаббуси Пешвои миллат ба сарчашмаи эътимод ва сулҳ табдил ёфт.
Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА,
муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-полковники милитсия

Ҳамчунин дигар маводҳо: