https://sadoimardum.tj

Саноатикунонӣ - заминаи рушди истеҳсолоти ватанӣ

22 окт 2026, 10:05
18

Дар идомаи тақвияти корҳо дар самти татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар тайи панҷ соли охир дар вилояти Суғд зиёда аз 800 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд. Коргоҳу корхонаҳои нав дар соҳаҳои саноати сабук, дорусозӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истихроҷу коркарди маъдан ва саноати хӯрокворӣ таъсис ёфта, дар онҳо зиёда 10 ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардидаанд.
Яке аз корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ки ба рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир мусоидат мекунад, корхонаи таъсисдодаи бародарон Тоҷибоевҳо мебошад. Соли 2024 дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонае таъсис дода шуд, ки ба истеҳсоли дастгоҳҳои гармидиҳӣ, дег ва чароғакҳои равшанидиҳанда машғул аст.
Дар корхона хатҳои муосири истеҳсолӣ, ки аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Туркия ва Россия харидорӣ шудаанд, истифода мешаванд. Иқтидори корхона имкон медиҳад, ки дар як сол то 6000 тонна ашёи хом коркард шавад.
Ашёи хоми асосӣ - алюминии дуюмдараҷа аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас гардида, дар печҳои махсус гудохта мешавад. Сипас, равандҳои қолаббандӣ, суфтасозӣ, рангубор, насби қисмҳои алоҳида ва бастабандии маҳсулоти тайёр дар коргоҳҳои махсус, мутобиқ ба меъёру талаботи муосир анҷом дода мешаванд.
Айни замон дар корхона 85 намуд дег, 20 намуд радиатори гармидиҳӣ ва се намуд чароғакҳои равшанидиҳанда истеҳсол мешавад. Бо назардошти талаботи бозор ва эҳтиёҷоти аҳолӣ, муассисони корхона ният доранд дар оянда теъдод ва номгӯйи маҳсулоти истеҳсолиро боз ҳам зиёд намоянд.
Маҳсулоти корхона на танҳо дар бозори дохилӣ харидорони худро пайдо кардааст, балки ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад.
Муҳсин Ҳафиззода, корманди ҶДММ «Титан 8888», аз ҷумла, чунин гуфт: «Содироти маҳсулоти тайёрро ба давлатҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷон низ ба роҳ мондаем. Ин нишондиҳанда дар ҳафт моҳи соли 2026 зиёда аз 4 миллион сомониро ташкил дод».
Афзоиши шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ва зиёд гардидани номгӯйи маҳсулоти ватанӣ бори дигар собит месозад, ки саноатикунонии босуръат дар вилояти Суғд яке аз самтҳои афзалиятнок аст.
Нодир ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: