https://sadoimardum.tj

Суғд. Рушди саноат ва афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ

05 ноя 2026, 10:09
11

Вилояти Суғд дорои имкониятҳои бузурги саноатӣ, истеҳсолӣ ва кишоварзӣ буда, истифодаи самараноки онҳо ба рушди иқтисодиёт, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ мусоидат менамояд. Дар нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 31,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 714 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ сохта шуд. Ҳамзамон, як қисми хатҳои технологии корхонаҳо навсозӣ гардида, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда афзоиш ёфт.
Тавре сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд Ҳоким Накҳатзода иттилоъ дод, дар нуҳ моҳи соли 2026 гардиши савдои хориҷии вилоят ба 4,1 миллиард доллар баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127,7 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, содироти молу маҳсулот ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ба 1,4 миллиард доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117,9 фоизро ташкил кардааст.
Дар ин давра дар вилоят 109 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 1000 ҷойи нави кор сохта ба истифода дода шуданд.
Маҳсулоти содиротии вилоят маъдан, семент, ангишт, маҳсулоти дӯзандагӣ, профилҳои гуногуни оҳанӣ, алюминӣ, сангҳои ороишӣ, нахи пахта, калоба, ашёи рӯзгор, зарфҳо, матоъ, либосҳои варзишӣ, дучарха, бозичаҳои кӯдакона, рангҳои сохтмонӣ, консерваи меваю сабзавот, меваи хушк ва дигар номгӯйи маҳсулотро дар бар мегирад.
Вилояти Суғд бо 60 кишвар робитаҳои тиҷоратӣ дошта, маҳсулоти истеҳсолкардаи он ба 30 кишвари хориҷӣ содирот мегардад. Солҳои охир соҳибкорону истеҳсолкунандагон ба коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва банду басти ҷавобгӯ ба талаботи сифат ва стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Ин раванд барои афзоиши арзиши маҳсулот ва таҳкими мавқеи молҳои ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ аҳамияти хоса дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи мавриди назар маҳсулоти кишоварзии коркардшуда дар ҳаҷми 89,8 ҳазор тонна содирот шудааст. Инчунин, беш аз 60 ҳазор тонна меваи хушк, аз ҷумла зиёда аз 16,7 ҳазор тонна зардолуи хушккардашуда, ба хориҷи кишвар фиристода шудааст. Содироти олу, ангур ва себи хушккардашуда 24,7 ҳазор тонна, пиёз 19,3 ҳазор, консерва - 1,6 ҳазор, нахи пахта - 28,3 ҳазор ва калобаи пахтагин 5,7 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Содироти пиёз бошад, ба 108 фоиз баробар шудааст.
Дар баробари рушди саноат ва содирот кишоварзӣ низ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ нақши муҳим дорад. Маҳсулоти кишоварзии вилоят, асосан, ба шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол ёфта, барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, кишоварзону соҳибкорон барои таъмини талаботи аҳолӣ дар фасли зимистон маҳсулотро дар анбору сардхонаҳо ва таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматӣ захира менамоянд. Ҳоло вилоят аз имконияти беш аз 100 анбору сардхона бо ин мақсад истифода мешавад.
Нодир ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: