https://sadoimardum.tj

Амит соҳиби сертификати «IAAR» гардид

№:74 (4970), 11 июн 2025, 17:00
0

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашта, соҳиби сертификати Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) гардид. 

Тавре аз АМИТ хабар доданд, Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг тавсия додааст, ки академия фаъолияти худро дар самти мобилии академӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим, густариши ҳамкории илмӣ, шаффофияти барномаҳои таълимӣ ва рақамикунонии таҳсилот тақвият бахшад.

Ин дастоварди муҳим имкони навро баҳри ҷалби шарикони хориҷӣ ва тавлиди лоиҳаҳои нави илмӣ фароҳам намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ боз ҳам боло мебарад.

Ёдрас мешавем, ки IAAR узви Ассотсиат­сияи Аврупо оид ба таъмини сифати таҳсилоти олӣ (ENQA) буда, дар Феҳристи аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (EQAR) ба қайд гирифта шудааст.

Г. РАҲМОНОВА, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: