Офтобзадагӣ беморӣ нест, аммо...
Офтоб манбаи ягонаи табиӣ аст, ки ҷисми инсонро бо витамини Д таъмин ва устухонҳоро боқувват мегардонад. Аммо дар баробари манфиат гармии аз ҳад зиёд ба саломатии инсон таъсири манфӣ ҳам мерасонад.
Бино ба гуфти табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №5 Юлдуз Яхшиева, нури офтоб бемориҳои гуногуни пӯстро табобат менамояд. Вақте ки нури офтоб ба пӯст мерасад, ҳормони «хушнудӣ» - серотонин пайдо мешавад ва табъи инсон болида мегардад.
Ҳамзамон, таъсири ултрабунафши офтоб сабабгори бармаҳал пир гаштани пӯсти рӯй мегардад. Намнокии пӯст кам ва бофтаҳои коллаген нобуд мегарданд ва пӯст тароваташро гум мекунад. Аз ин сабаб, дар рӯй ожангҳо пайдо мешаванд.
- Шояд офтоб ба ҳуҷайраҳои пӯст таъсир расонад. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудааст, ки пӯсти рӯй аз таъсири офтоб ба шаклҳои гуногуни саратон мубтало гаштаанд. Барои он ки пӯст аз таъсири офтоб зарар набинад, ҳангоми ба кӯча баромадан ба он малҳами аз офтоб ҳифзкунанда молидан лозим аст. Аз таъсири гармӣ инсон хушкшавии пӯсташро эҳсос намекунад. Вазиши шамол дар ин ҳангом ба кас кайфият мебахшад, вале шамоли тобистон пӯстро бештар хушк месозад. Бо ин сабаб, дар рӯзҳои гарм пӯсти рӯйро бо истифода аз малҳам нарм кунондан лозим аст, - таъкид кард ҳамсуҳбатам.
Ҳарчанд аксари одамон офтобзадагиро беморӣ ҳисоб намекунанд, вале бар асари он дарунравӣ ва дилбеҳазурӣ шахсро азият дода, метавонад боиси осебпазир шудани саломатӣ гардад. Бинобар ин, ҳангоми гармӣ субҳу шом ба сайру гашт баромадан лозим аст.
Ҳамсуҳбатам тавсия дод, ки нафарони дорои фишорбаландӣ ҳатман дӯғоб истеъмол намояд. Зеро дӯғоб ба паст кардани фишори хун ва холестирин кумак мерасонад. Яке аз хусусияти дӯғоб паст намудани ҳарорати бадан дар рӯзҳои гарм мебошад. Хоса, ба нафарони офтобзада нӯшидани дӯғоб тавсия дода мешавад.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





