Сафари Нуман Куртулмуш ба Тоҷикистон
1-уми декабри соли 2025 Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро раисони кумитаҳо, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва сафирони ҳарду кишвар истиқбол гирифтанд.
2-юми декабр Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони арҷгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин маросим меҳмони олиқадрро намояндагони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.
2-юми декабр дар бинои Маҷлиси Олӣ мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Туркия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Муколамаи мунтазами сатҳи олӣ ва тамосҳои сиёсӣ ба густариши робитаҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.
Дар ин раванд, ҳамчунин, нақши калидии парламентҳои ду кишвар таъкид гардид.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии байни Тоҷикистону Туркия таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Инчунин, атрофи масоили рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ табодули назар анҷом дода шуд.
2-юми декабр дар бинои Маҷлиси Олӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентии ду ҷониб мулоқот анҷом доданд.
Дар даромадгоҳи бино маросими истиқболи меҳмони олиқадр ва аксгирии якҷояи роҳбарони ҳайатҳо баргузор шуда, пас аз боздиди толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш дар «Китоби меҳмонони фахрии Маҷлиси Олӣ» таманниёти худро сабт намуд.
Дар оғози мулоқот, нахуст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва робитаҳои байнипарламентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Туркияро робитаҳои муштараки фарҳангиву таърихӣ бо ҳам мепайванданд.
Робитаҳои пайваста ва дӯстии самимонаи сарони ду давлат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган омили муҳими таҳкими муносибатҳои судманди дуҷониба мебошанд.
Ба тавсеаи ҳамкориҳои созанда миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси бузурги миллии Туркия таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Имрӯз беш аз 80 санади ҳамкорӣ миёни кишварҳо заминаи ҳуқуқии ҳамкории ду кишварро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак муайян намудаанд.
Равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои афзалиятноки саноату истеҳсолот, аз қабили саноати нассоҷӣ ва коркарди алюминий, фарматсевтӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ, зарур шумориданд.
Инчунин, коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли шарбатҳои табиӣ, намаки ошӣ, хушконидани маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи фанновариҳои нави соҳа аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.
Зикр гардид, ки анъанаҳои муштараки фарҳангиву маънавӣ барои тавсеа ва такмили ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоранд.
«Маснавии маънавӣ» ва дигар осори арзишманди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҷойгоҳи муҳим дар тамаддуни ҷаҳонӣ доранд, барои мардумони кишварҳои мо аҳамияти бузурги таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дошта, заминаи муҳими таҳкими робитаҳои фарҳангӣ маҳсуб меёбанд.
Зимни музокирот ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалиро баррасӣ карданд.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,
ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО
Ҳамчунин дигар маводҳо:
