Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Нуман Куртулмуш
2-юми декабри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуд.
Зимни суҳбат густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия натиҷаи иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳо - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган арзёбӣ гардид.
Мавқеи ҳамсон ва ба ҳам наздики Тоҷикистон ва Туркия нисбат ба масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, робитаҳои босамари кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, зикр шуд.
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳо робитаҳои байнипарламентӣ унвон гардид.
Таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ, ҳамкории кумитаҳо ва фраксияҳои сиёсии парламентҳо, муколамаи касбӣ, табодули таҷриба, сафарҳои мунтазами намояндагони воломақоми парламентҳо муҳим арзёбӣ шуд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
