https://sadoimardum.tj

Иштироки Мавсума Муинӣ дар ҳамоиши занони соҳибкор

№:143 (5039) 03 дек 2025, 19:55
1

2-юми декабри соли 2025 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар ҳамоиши занони соҳибкор бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор ва муаррифии барномаи инкубатсионии «Ҷоми занон» (Women Cup) иштирок ва суханронӣ намуд. 

Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки рушди соҳибкорӣ дар байни занон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад. Барои дастгирии занон барнома ва стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ин санадҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон заминаҳои воқеии бунёдиву ҳуқуқӣ гузоштанд. 

- Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2025 маблағи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 15 миллион сомонӣ расонида шуд ва соли равон лоиҳаҳои 200 зани соҳибкор дастгирӣ ёфт. Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳибкории занон, беҳтар намудани вазъи соҳибкорӣ барои занон, ҷалби сармоя барои густариши фаъолияти соҳибкории занон ва ба ин васила зиёд намудани шумораи занони соҳибкор, фароҳам овардани шароит ва имконияти мусоид барои рушди соҳибкории занон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, №545 «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» қабул гардид ва имрӯз он босамар татбиқ шуда истодааст, - афзуд М. Муинӣ.

Гуфта шуд, ки бо истифода аз маблағҳои грантӣ занони соҳибкор тавонистанд дар ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ҳунару касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони бешуғл саҳми муносиб гузоранд.

Айни замон дар кишварамон ҳудуди 80 ҳазор нафар занон дар соҳаҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ ва ҳунарҳои дастӣ ба соҳибкорӣ машғул мебошанд, роҳбарии 50 фоизи хоҷагиҳои деҳқонии амалкунандаро бонувони фаъоли мамлакат ба зимма доранд ва ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои пешин бамаротиб зиёд мебошад.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, занони соҳибкору ҳунарманд, ки иштирокчии лоиҳаи инкубатсионии «Ҷоми занон» мебошанд, дастовардҳои худро ба маъраз гузоштанд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: