Фарҳанги ваҳдатофарӣ омили калидие, ки истиқлоли моро ҳифз кард
Истиқлол ва ваҳдати миллӣ мафҳум ва падидаҳои қудратманду беназире ҳастанд, ки таърихи муосири Тоҷикистонро ташаккул ва дар зеҳнҳо парвариш додаанд. Имрӯз ҳам тавассути ин арзишҳои меҳварии низомсоз устувории ҷомеаи мо дар рӯ ба рӯи чолишҳои муосир нигоҳ дошта мешавад, аъзои ҷомеа ба ҳам наздик мешаванд ва эҳсоси ҳамшарикияшонро дар ташаккули робитаҳои бунёдии ҷамъиятӣ пурқувват месозанд. Аз ин ҷиҳат, зарурияти дарку тавзеҳи омилҳои таъсиргузор дар таҳкими ваҳдати миллӣ пайваста меафзояд.
Алоқамандии зуҳур ва ташаккули ин падидаҳои иҷтимоиро аслан ба раванди инкишофи бемайлони ҷомеа, аз ҷумла қудрати онҳо барои пешниҳоди ҳадафҳои ягонаи тақдирсоз дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, вобаста медонанд. Бо такя ба ин омили ҳастисоз умумияти нахустини иҷтимоӣ на танҳо мавҷудияти худро таъмин менамуданд, балки барои ташаккули умумияти наву мураккабтари иҷтимоӣ замина фароҳам меоварданд.
Агар ба таърихи тоҷикон назар андӯзем, мебинем, ки кору пайкор ва амалҳои хастанопазир онҳоро аз чашидани шаҳди саодати ин неъмати безавол бенасиб нагардонидааст. Дар ҳар як зинаи ташаккули хеш тоҷикон сарҳади тамоюли ваҳдатгароии худро вусъат бахшида, ба эъмори пойдевори умумиятҳои мураккабтару пешрафта шарафёб гаштаанд. Тавассути чунин тамоюли ваҳдатгароӣ тоҷикон сареътару зудтар аз дигарон доираи ҳамгароии худро аз марзи ҳувияти авлодию қавмӣ фаротар бурда, дар шакли халқияту миллати таърихӣ ташаккул ёфтаанд. Мояи илҳомбахши ин амалҳо, пеш аз ҳама, майлу рағбат ва дилбастагии аҷдодони мо ба тарҳрезии ҳадафҳои созандаю бунёдкорона ва эҷоди фазои ҳусни тафоҳуму таҳаммулпазирӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаю ҳамсоягони худ ба шумор мерафт. Маҳз дар партави чунин андеша рустою шаҳрҳои мутараққӣ бунёд мешуданд ва бо ин рифоҳи зиндагии мардум беҳтар мегашт. Минбаъд, дар заминаи ҳарчӣ бештар вусъат бахшидани доираи тамоюли ваҳдатгароии хеш мардуми мо тавонистанд муттаҳидшавиро дар шакли умумияти бузургтар таъмин намоянд. Бидуни муболиға, инро метавон ҷаҳиши беназири иҷтимоӣ дар таърихи ташаккули миллати тоҷик арзёбӣ намуд, ки омӯзишу дарки назариявии он метавонад муҳтавои донишҳои моро дар бораи ҳодисаҳои дар ҳаёти ҷомеаҳои имрӯз ба амалоянда амиқтар ва аксуламали моро нисбат ба онҳо муносиб гардонад.
Бо такя ба андешаи мазкур метавон гуфт, ки ваҳдат барои ба воқеият пайвастан ва иҷрои муносиби вазифаҳои иҷтимоию сиёсии худ ба арзишҳои муносиби ақидатӣ, назариявӣ, таърихӣ ва иҷтимоии хосе такя менамояд, ки вижагиҳои дарки махсуси вуҷуди олам, тасаввури ташкили ҷомеаи инсонӣ, сатҳи робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи онҳо, такомули заминаи робитаҳои иҷтимоӣ аз зумраи онҳо мебошанд.
Ваҳдати миллӣ маҳсули иштироки омилҳо ва заминаҳои гуногуне ҳаст, ки дар шароити мушаххаси иҷтимоӣ ба саҳнаи ҳаёти ҷамъиятии мардум ворид мешавад. Ба воқеият пайвастани талошҳои ваҳдатгароёна мавҷудияти дастгирии оммавии ирода ва ҳадафи олии ба ин мақсад расиданро низ талаб мекунад. Пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ дар атрофи ғояи ҳимояи истиқлоли давлати миллии худамон, маҳз ана ҳамин гуна иродаю ҳадафгузории умумимиллие ташаккул ёфт, ки фаъолияту корнамоии Сарвари сиёсии мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро суръату устувории комил бахшид.
Ин ҳадафи олӣ роҳро барои ба ваҳдат расидани миллати тоҷик ҳамвор сохт. Бо эълони ин ҳадаф бори дигар талоши ба қисмати хеш ҳоким шудан ва масъулияти инкишофи миллатро ба дӯш гирифтан дар баробари хатари эҳтимоли парокандашавӣ мубрамият пайдо карда, мардуми моро муттаҳид гардонид. Ин ҳолат ниҳоятан талоши татбиқи амалҳои иртиҷоӣ ва монеавиро дар инкишофи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф сохта, модели иҷтимоию сиёсии аз ҷониби Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодшаванда, яъне эъмори давлати миллии рӯи усули дунявият, қонуният ва арзишҳои демократӣ қарордоштаро байни мардум маҳбубтар гардонид.
Ин масъала низ бояд мадди назар бошад, ки ваҳдати дар фазои давлати миллӣ бадастомада доираи боварии байни мардумро, ки дар аввал ба хатари фурӯпошӣ рӯ ба рӯ шуда буд, минбаъд устувору фарохтар сохт. Бо маҳорати нодир атрофи як ҳадафи умумии давлатсозии миллӣ ташаккул додани иродаи умумимиллию бо ин усул ба даст овардани эътимоди байниҳамдигарии мардуми ин сарзамин яке аз хизматҳои бузурги таърихии Пешвои миллат ба шумор меравад.
Эътимоди комили иҷтимоии дар натиҷаи ваҳдати миллӣ бадастомада имрӯз кафили шукуфоии иқтисодӣ ва таъмини суботи сиёсӣ мебошад. Хушбахтона, арзишҳои марбут ба падидаи сулҳу субот дар тамоюли ҷаҳонбинии мардум ҷойгоҳи арзандаи худро ёфт ва таҳти таъсири онҳо доираи боварии ҷомеаи тоҷик дар муқоиса бо марҳилаҳои пештараи рушди таърихии ҷомеаамон фарохтар шуд.
Ҳамин тавр, ҳар як ҷомеа табиатан ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ, ваҳдатро дорад, то ба василаи он одамонро ба он одат диҳад, ки онҳо дар доираи як ҷомеа умумиятҳои наздик бо ҳамдигар доранд ва ривоҷу нигоҳдошти ин умумият дархӯри талаботи инкишофи онҳост. Ҳарчанд сифату вижагиҳои иҷтимоии ин ваҳдату ҳамбастагиҳо дар ҳама давру замон ва дар ҷомеаҳои алоҳида якхела буда наметавонад, вале дар маҷмуъ, як вазифа - эҷоди фазои дарку тасаввури бо ҳамдигар наздики аъзои ҷомеаро дар мавриди доштани умумияти муштарак ба дӯш дорад. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт хеле нодир ва воқеан ҳам, шоистаи ба ворисият додан ба наслҳои минбаъда ва омӯхтан ба кишварҳои мубталои даргирию нооромиҳои тӯли чандин солҳо идомаёбанда мебошад.
Суҳроб ЗОКИРЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа,
дотсенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
Ҳамчунин дигар маводҳо:





