Қаҳрамони ду ҷабҳа

№:59 (4955) 14 май 2025, 08:49
4

 Дар ҷанги солҳои 1941-1945 даҳҳо ҳазор мардони далеру ҷасури Хатлонзамини Тоҷикис­тон низ сина сипар карданд. Яке аз онҳо зодаи деҳаи Хонақоҳи Севодараи ноҳияи Ховалинг Аҳёхӯҷа Мирзоев мебошад. Ӯ соли 1925 ба дунё омада, садсолагии ӯ ба 80-солагии Ғалаба дар ҷанг рост меояд. Ин марди куҳансол алҳол дар маркази ноҳияи Ховалинг - шаҳраки Мунк зиндагӣ мекунад.

Бо зиндагиномаву ҷонфидоиҳои ин марди бузург аз кӯдакӣ ошноям. Дар деҳае, ки ин марди майдон ба камол расидааст, даҳҳо паҳлавон, олимону адибон ва шахсони машҳур низ ба дунё омадаанд. Яъне, муҳит барои далеру зираку нотарс ба воя расидани ӯ саҳми созгор гузоштааст.

Пас аз хатми мактаби деҳа мехост таҳсилро идома диҳад, вале ҷанг шурӯъ шуд. Ҷойи рӯшноиро торикӣ, ҷойи тӯю сурро нолаву фиғон фаро гирифт. Ҳамроҳи чандин нафар аз Ховалинг то ба шаҳри Душанбе пойи пиёда рафта, пас аз хизмату машқҳои амалӣ ба ҷанг сафарбар шуд. Аз моҳи марти соли 1942 то моҳи апрели соли 1943 дар қисми таъиноти махсуси 267 бо душман ҷангид. Дар яке аз набардҳо ярадор шуда, як муддат дар бемористон табобат гирифт. Баъд аз шифо ёфтан ӯро ба ақибгоҳ фиристоданд.

Дар Ховалинг чанде ба деҳқонӣ шуғл варзид. Чун хоҷагии ҷангали «Ховалинг» соли 1947 таъсис ёфта, бунёди боғҳои ақоқиё оғоз гардид, ӯро ба хоҷагии мазкур даъват намуданд. Мақсад аз бунёди боғҳои ақоқиё (акатсия) дар Ховалинг омода кардани ашёи хом барои «қундоқ»-и милтиқу автомат ва дигар силоҳҳо буд. Садҳо гектар замини Хоҷанаврӯзаку Банди Ар-ар, Дии Маҳмуду Баландсар, Хосиёну Тиҳиён ва дигар кӯҳдоманҳои минтақа ақоқизор шуд.

Аҳёхӯҷа Мирзоев бо ҳамкоронаш Катя Шевченко, Аня Алексеевна Ракова ва ҳамяроқонаш Маҳмадалӣ Каримов, Бозор Сафаров, Сайидаҳмад Каримов, Саймаҳмуд Одинаев поквиҷдонона кор кард. Имрӯз низ коргарони хоҷагии ҷангал, ки номи ҷанговари матин, собиқ директори ҳамин хоҷагӣ Сайидаҳад Каримов (Каримқаҳрамон)-ро гирифтааст, хидматҳои арзишманди ӯро ба некӣ ёд меоранд…

Баъд аз ба нафақа баромадан дар зодгоҳаш Хонақоҳи Севодара хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда, ба боғдорӣ машғул шуд. Ҳоло бобои Аҳёхӯҷа Мирзоеви садсола ягона иштирокчӣ ва маҷруҳи ҷанги солҳои 1941-1945 дар ноҳияи Ховалинг мебошад.

Ӯ бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (дараҷаи 2), як қатор медалҳо, аз ҷумла «60-солагии Ғалаба дар ҶБВ» ва даҳҳо сипосномаву мукофот сарфароз гаштааст.

Амир Сайиди Мункӣ,

директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг

Ҳамчунин дигар маводҳо: