https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22 дек 2025, 17:32
2

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1,  мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689;  с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, №1-2, мод. 3, мод. 4, №5-6, мод. 252,  мод. 253, №7-11, мод. 518, мод. 519; с. 2025, №1, мод. 4, №3-4, мод. 249, №5, мод. 508) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 504 хориҷ карда шавад.

2. Дар моддаи 599:

- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

-  санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ба андозаи аз яксаду панҷоҳ то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду панҷоҳ то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ба андозаи аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад фоизи арзиши бозории ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.».

3. Дар моддаи 600:

- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, аз сӣ то чил, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»; 

- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бисту панҷ то сӣ, соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, аз шаст то ҳаштод, ба шахсони мансабдор аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.». 

4. Дар моддаи 601:

- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бисту панҷ то сӣ, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то бисту панҷ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

5.  Дар моддаи 602:

- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

6. Дар моддаи 603:

- дар номи модда калимаи «бақайдгузорӣ» ба калимаи «баҳисобгирӣ» иваз карда шавад; 

- дар диспозитсияи қисми 1 калимаи «бақайдгузорӣ» ба калимаҳои «баҳисобгирӣ, инчунин дар сурати тағйир ёфтани маълумоти қайди баҳисобгирӣ» иваз гардида, санксияи он дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

-  санксияи қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бисту панҷ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

7. Дар моддаи 604:

- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродӣ аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бисту панҷ то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз бисту панҷ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- дар диспозитсияи қисми 3 рақами «45» ба рақами «78» иваз гардида, санксияи он дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

8. Дар моддаи 6061:

- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ, соҳибкорони инфиродӣ аз ҳаштод то сад ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад, соҳибкорони инфиродӣ аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду бист ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду ҳаштод то сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то сад, шахсони мансабдор аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ, соҳибкорони инфиродӣ аз яксаду ҳаштод то дусад ва шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду панҷоҳ то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».  

9.  Санксияи моддаи 607 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз сӣ то чил, шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

10.  Дар моддаи 608:

- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ба андозаи аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

11. Санксияи моддаи 609 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба андозаи аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аммо дар ҳаҷми на камтар аз панҷоҳ фоизи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки сари вақт гузаронда нашудаанд, ҷарима таъин карда мешавад.».

12. Санксияи моддаи 610 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба андозаи аз сесад то сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

13. Санксияи моддаи 611 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

14. Санксияи моддаи 612 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

15. Санксияи моддаи 613 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

16. Моддаи 614 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 

«Моддаи 614. Нишон надодани маълумот дар расиди дастгоҳи назоратӣ – хазинавӣ

 1. Барои дар расиди дастгоҳи назоратӣ – хазинавӣ нишон надодани номгӯйи мол (кор, хизматрасонӣ), воҳиди ченак, миқдор, нарх, маблағи фурӯши кор ва хизматрасонӣ ва маблағи андозҳои ғайримустақим ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо дар шакли нақдӣ ва ё ғайринақдӣ, тахфифҳо, маблағи умумии харид ва маълумоти дигари дар қонунгузорӣ пешбинишуда, -

ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, -

ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз ҳаштод то сад, ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

17. Дар моддаи 615:

- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 615. Риоя накардани тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва хазинаи виртуалӣ»;

- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Барои риоя накардани тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва хазинаҳои виртуалӣ зимни анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо истеъмолкунандагон, ҳангоми фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ, расид ва ҳуҷҷатҳои дигари дорои ҳисоботи қатъӣ, инчунин бе шартнома бо оператори маълумоти фискалӣ истифода кардани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва хазинаи виртуалӣ, -

ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ аз як саду ҳаштод то дусад ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ аз дусаду бист то дусаду панҷоҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду панҷоҳ то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

 «3. Барои пешбурди ҳисобу китоб тавассути пули нақд бо истеъмолкунандагон бе истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ, хазинаи виртуалӣ ва ё барномаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, ки дорои хотираи фискалӣ мебошанд ва дар феҳристҳои давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар ҳолати ҳатмӣ будани истифодаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо истифодаи таҷҳизоти дигар бе хотираи фискалӣ, -

ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад ва шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду панҷоҳ то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз яксаду шаст то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду бист то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

18.  Моддаи 616 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 616. Ба мақомоти андоз пешниҳод накардани маълумоти зарурӣ 

 1. Барои ба мақомоти андоз пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти дар моддаҳои 34, 81, 102, 103 ва 105 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, аз ҷумла тибқи дархости он мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, ҳамчунин дигар гуна саркашӣ аз пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти нодуруст, -

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҳаштод то сад ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

2. Барои пешниҳод накардан, сари вақт пешниҳод накардан ва (ё) пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳ ба Системаи иттилоотии андоз дар реҷаи мустақим (онлайн) ва дар ҳолати набудани заминаи техникии ирсоли маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ (тавассути почтаи электронӣ) аз ҷониби мақомоти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳо, -

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бисту панҷ то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

3. Барои такроран содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, -

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сад то яксаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

19. Ба қисми 1 моддаи 617 пас аз калимаҳои «бидуни бақайдгирии давлатӣ» калимаҳои «ҳангоми набудани аломати таркиби ҷиноят» илова карда шаванд.

20. Санксияи моддаи 618 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз яксаду панҷоҳ то дусад, ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

21. Дар моддаи 620:

- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;

- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

22. Моддаи 623 хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2209


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №107


 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 3 декабри соли 2025, №228