https://sadoimardum.tj

Баррасии 8 масъала дар МВХВС

22 сен 2025, 09:19
0

19-уми сентябри соли 2025 Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он 8 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт

Аз рӯйи масъалаи аввал раиси комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Муҳаммад Исомаддинзода маълумот дод. Ба иттилои ӯ, 17-уми августи соли равон дар ҳавзаҳои интихоботии Панҷакент №23 ва Гули Сурх №33 интихобот баргузор гардида, Умед Ҳабибзода ва Далер Аббосзода вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят интихоб шуданд.

Сипас, муовини раиси вилоят Ҷамшед Ҷӯразода доир ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» гузориш дод.

Таъкид шуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо буда, барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро корҳои зиёди тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шудаанд.

Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар соли 2024 беш аз 10 ҳазор вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир гардида, инчунин, 521 конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор баргузор шудаанд. 

Номбурда таъкид намуд, ки терроризм ва экстремизм вабои аср эътироф гардида, мубориза бо он танҳо бо ҳамкории дастҷамъона имконпазир аст. Дар шароити рушди босуръати техника ва технология гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, ҷавононро тавассути таблиғоти бардурӯғ ба сафҳои худ ҷалб мекунанд. 

Ҳамзамон, чанде аз вакилони халқ ба музокирот баромада, мубориза бо зуҳуроти ифротгароиро кори дастҷамъӣ арзёбӣ карда, зарурати фаъол намудани корҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни қишрҳои осебпазир таъкид намуданд.

Муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ дар бораи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ гузориш дод. Мувофиқи пешниҳоди вакилони халқ, мактаби миёнаи №64 шаҳри Истаравшан ба номи Нуъмон Юнусов ва гимназияи №1 ноҳияи Шаҳристон ба номи Аминҷон Обидов гузошта шуданд.

Бо қабули қарорҳои дахлдор аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда иҷлосия ба кори худ анҷом бахшид.

 Н. ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: