Асосҳои қонунгузории гузариш ба рушди «сабз» баррасӣ гардид
30-юми сентябри соли 2025 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода дар мавзуи «Парламент ва иқтисоди даврӣ дар Тоҷикистон: асосҳои қонунгузории гузариш ба рушди «сабз» мизи мудаввар доир гардид.
Зикр шуд, ки мо дар шароити буҳрони сегонаи хавфи экологӣ - тағйирёбии иқлим, коҳишёбии гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист зиндагонӣ менамоем. Барои шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари аз лиҳози таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир арзёбӣ гардидааст, масъалаи устуворӣ ба буҳрони экологӣ ба авлавияти стратегӣ табдил ёфтааст.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист 17 сентябри соли ҷорӣ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо барои давраи то соли 2035»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Рушди иқтисоди «сабз» ва иқтисоди даврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ ва экологӣ қарор гирифта, бо мақсади расидан ба рушди устувор ва коҳиш додани таъсири манфии иқтисод ба муҳити зист татбиқ мешаванд, - иброз дошт Азиз Гиёзода.
Дар вохӯрӣ Карин Олислагерс - атташе ва менеҷери барномаҳои ҳамкорӣ дар намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, гурӯҳи вакилон ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва андешаронӣ намуданд.
Инчунин, роҳбари лоиҳаи «SWITCH-Asia» хонум Зинаида Фадеева ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ кард.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:





