Аз нишастҳои матбуотӣ

Фаъолияти блогерону сарояндагони кӯчагӣ танзим мешавад?

№15 (4911) 31.01.2025

27-уми январ Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон дар мавриди танзими фаъолияти як зумра блогерону сарояндагони кӯчагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ посух дод, ки дар замони гузариш ба сохти нави тараққиёт чунин зуҳурот ногузир аст ва яке аз вазифаҳои асосии Вазорати фарҳанг ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ мебошад.

- Айни ҳол вазорат дар ҳамкорӣ бо дигар идораю ташкилотҳои марбута бо мақсади ҷилавгирӣ аз чунин мушкилот, ба танзим даровардани фаъолияти сарояндагоне, ки дар вазорат сабти ном нашудаанд, ҳамчунин, блогерон тағйиру иловаҳоро ба баъзе қонунҳои соҳаи иттилоот ба нақша гирифтааст. Инчунин, баланд бардоштани саводи расонаии ҷомеа аз муҳимтарин тадбирҳо дар ин самт мебошад, ки ҷилавгирӣ аз чунин бенизомиҳо на танҳо вазифаи Вазорати фарҳанг, балки вазифаи аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад, — илова намуд Матлубахон Сатториён.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»