- Соли 2024 барои омӯзгорону хонандагони мактаби президентии шаҳри Кӯлоб хотирмон буд. Дар ин сол муҳассилини ин даргоҳ дар олимпиадаву озмунҳои фаннӣ дар сатҳи вилоят, ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, — гуфт муовини директори муассиса оид ба корҳои таълим Азиз Мирзоев.
Алҳол дар он 762 хонанда, аз ҷумла 162 духтар, таҳсили илм дошта, ба онҳо 58 омӯзгор таълим медиҳанд. Муассиса дорои хобгоҳ буда, дар он зиёда аз 640 хонанда аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб фаро гирифта шудаанд.
- Шароити замонавӣ, ки Ҳукумати мамлакат барои мо, омӯзгорону хонандагон, муҳайё сохтааст, водор месозад, ки ба сатҳу сифати донишомӯзӣ ва рафтору ахлоқи ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем, — таъкид намуд А. Мирзоев.
Номбурда афзуд, ки дар мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб ба кадрҳои педагогӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Омӯзгорони муассиса аз тариқи озмун қабул шуда, 2 нафар номзади илм, як Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар соли таҳсили 2023-2024 муассисаро 64 нафар хатм намуданд, ки ҳоло 25 кас дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, 11 нафар дар Донишгоҳи миллӣ, 8 нафар дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва 8 нафари дигар дар хориҷи кишвар таҳсили илм доранд. Иттилоъ гирифтем, ки соли 2024 зиёда аз 30 хонандаи мактаби президентии шаҳри Кӯлоб дар олимпиадаву озмунҳои фаннӣ дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуда, сазовори 23 ҷой гардиданд, ки аз ин 2 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюмро ташкил медиҳанд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»