Дар ноҳияи Нуробод тайи се соли охир 57 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Бино ба иттилои мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Мирсаид Хоҷаев, дар соҳаи кишоварзӣ се лоиҳа ба маблағи 3 миллион сомонӣ, тандурустӣ 12 лоиҳа ба маблағи 1 миллиону 898 ҳазор сомонӣ, маориф 13 лоиҳа ба маблағи 20 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 4 лоиҳа ба маблағи 161 ҳазор сомонӣ, фарҳанг 3 лоиҳа ба маблағи 9 миллиону 350 ҳазор сомонӣ, обтаъминкунӣ 4 лоиҳа ба маблағи 12 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, барқтаъминкунӣ 1 лоиҳа ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ, нақлиёт ва роҳ 3 лоиҳа ба маблағи 10 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, ҳолатҳои фавқулода 2 лоиҳа ба маблағи 1 миллиону 950 ҳазор сомонӣ ва соҳибкории хурду миёна 9 лоиҳа ба маблағи 5 миллиону 622 сомонӣ дар сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.
- Дар бунёди иншооти зикршуда 69 миллиону 464 ҳазору 500 сомонӣ масраф шуда, дар оянда амалӣ гардидани 129 лоиҳаи дигар дар назар аст, — афзуд М. Хоҷаев.
Диловари Мирзо,
«Садои мардум»