То имрӯз ягон шаҳрванди кишвар ба коронавирус сироят наёфтааст. Ин нуктаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода шашуми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Бино ба гуфти ӯ, бо мақсади пешгирии ин бемории сироятӣ чорабиниҳои дахлдор андешида шудаанд. Айни замон дар 27 гузаргоҳи наздисарҳадӣ мутахассисони тиббию санитарӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд. Айни замон 645 шаҳрванди аз Ҷумҳурии Халқии Хитой баргашта зери карантин қарор доранд. Вазир иттилоъ дод, ки 58 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар макони хурӯҷи вирус-шаҳри Вуҳани Чин қарор доранд, пас аз ду рӯз ба Ватан баргардонида мешаванд.
Зикр шуд, ки соли 2019 дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ 980 ҳазор бемор бистарӣ ва 280 ҳазор ҷарроҳӣ гардид. Дар ин давра 116 амали пайвандсозии гурда, 46 пайвандсозии ҷигар ва 7 пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шуд. Аз ин теъдод 28 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 27 — Қирғизистон, 20 — Исроил ва 15 нафар аз дигар давлатҳо мебошанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»