Баррасии ҳамкории Тоҷикистон бо ХБА
4-уми ноябри соли 2025 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия бо намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ броз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодиёти кишвар дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ тавонист устуворӣ ва тавонмандии худро нигоҳ дорад.
Аҳамияти ҳамкорӣ бо ХБА дар татбиқи ислоҳоти молиявӣ, таҳкими қобилияти институтсионалӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати буҷетӣ ва андозбандӣ, инчунин, густариши рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ таъкид шуд.
Изҳори итминон гардид, ки ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор минбаъд низ ба таҳкими суботи иқтисодӣ ва рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
