https://sadoimardum.tj

Санади тақдирсоз

№:131 (5027) 10 ноя 2025, 17:01
0

Вақте ки сухан дар бораи Конститутсия меравад, мо ҳатман ҳомӣ ва тарроҳи ин номаи бахту саодати миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши рӯ меорем. Зеро Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нишонаи ҷомаи амал пӯшидани орзуи деринаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба соҳиб­истиқлолӣ аст, маҳз, бо роҳнамоӣ, тадбирҳои хирадмандона ва оқилонаи муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон омода ва қабул шуд.

Дар Конститутсия ҳар як вожа маъниеро аз воқеияти сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли таърихи тайнамудаи он ифода мекунад. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқии дорои эътибори баланди арзиши олии давлату миллат маҳсуб меёбад. 

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон 31-умин солгарди қабули Конс­титутсияи давлати соҳиб­истиқлоли Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рӯйдоди таърихи навини халқи тоҷик мебошад. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, 6-уми ноябри соли 1994, бо дастгирию талошҳо ва иродаи устувори Пешвои миллат ва халқи тоҷик санади тақдирсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосаеро доро мебошанд. 

Нахустин маротиба дар Конститутсия дарҷ шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва  ягона буда, танҳо халқ таҷассумкунандаи истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Ин аст, ки дар заминаи муқаррароти Конститутсия мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва парлумони касбӣ таъсис дода шуд.

Вобаста ба талаботи ҷомеаи имрӯза дар асоси Конститутсия сохторҳои нави идоракунӣ ташкил ва сохторҳои пешина тағйиру такмил дода шуданд. Ба ҷои Шурои Олӣ ташкили Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷои Президиуми Шурои Олӣ Раёсати Маҷлиси Олӣ, ба ҷои Раиси Шурои Олӣ Раиси Маҷлиси Олиро муқаррар кард.

Дар асоси муқаррароти Конститутсияи соҳибистиқлол дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ – рукни муҳимтарини сохти мардумсолорӣ бунёд ёфт. Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳиб­истиқлоламон ба анҷом расиданд, ба таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон рабт доранд. 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо, дурнамои давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, муайян намуда, кӯшишу талош­ҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳиб­истиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид. Дар таҳияи Конститутсия таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё ба назар гирифта шуда, он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конс­титутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф гардидааст. 

Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол имкон дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем. Дар он заминаҳои ҳуқуқӣ барои фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фароҳам шуда, оғози марҳалаи сифатан нави инкишофи давлат ва рушди ҷомеа гардида, халқи тоҷикро ба шоҳроҳи бузурги ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фаъолияти созандаву бунёдкорона роҳнамун сохт. 

Эҳром АБДУҒАФФОРЗОДА, сармутахассиси котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: