Ҷаласаи Шурои коршиносони АБ ИДМ доир гардид
Рӯзҳои 4 ва 5-уми декабри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба масъалаҳои тандурустии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ доир шуд, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода иштирок дошт.
Дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор шудани чорабиниҳо дар соли раисии Тоҷикистон (соли 2025) дар ИДМ баҳои баланд дода шуд.
Дар ҷаласа ҳамкориҳои бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ дар соли 2026, нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории «Соли ҳифзи саломатӣ дар ИДМ» дар соли 2026, нақшаи эҷоди қонунҳои намунавии ИДМ давоми солҳои 2026-2028, омодагӣ ба ифтитоҳи Донишкадаи байналмилалии биоэтика дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба рушди принсипҳои биоэтика ва тиббии далелҳои Шурои коршиносон оид ба тандурустии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар рушди асосҳои миллии далелҳо дар соҳаи тандурустии давлатҳои иштирокдори ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки, маҳз, баъди таъсиси Шурои коршиносон дар сатҳи Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ 15 қонуни намунавӣ ва тавсияҳо қабул шудаанд, ки барои рушди соҳа дар сатҳи ИДМ нақши муҳим доранд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
