https://sadoimardum.tj

Конфронси АБ ИДМ бахшида ба 80-солагии Ғалаба

№:146 (5042), 10 дек 2025, 17:00
0

Рӯзҳои 4 ва 5-уми декабри соли равон дар шаҳри Санкт -Петербурги Федератсияи Россия таҳти унвони «Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хотираи дастҷамъонаи халқҳои иттиҳод: ба муносибати 80- солагии Ғалаба» конфронси байналмилалӣ доир шуд, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ намуд. 

Корнамоиҳои мардуми Тоҷикистон дар сафи пеши муҳорибаҳо ва ақибгоҳ, кӯчонидани беморхона ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба Тоҷикистон, роҳандозии чораҳои аввалиндараҷа ҷиҳати таъмини хати фронт, гиромидош­ти хотираи шаҳидон, қадршиносии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нигоҳубин ва таъмиру навсозии иншооти хотиравӣ, аз ҷумла навсозии Боғи Ғалаба дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъкид гардиданд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: