Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ
Чоруми декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ ҳамчун воситаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини амнияти миллӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳал» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагон Ғайрат Азиззода иштирок ва суханронӣ намуд.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Мубориза бо коррупсия ва тақвияти шаффофият дар фаъолияти давлатӣ заминаи рушди устувор ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро таъмин менамояд». Ин нуктаро метавон ҳамчун роҳнамои стратегӣ дар ҳама сатҳҳои идоракунии давлатӣ ва ҷомеа қабул намуд, - изҳор дошт Ғайрат Азиззода.
Зикр шуд, ки коррупсия ба мисли вабо, на танҳо иқтисод, низоми давлатӣ ва рушди устувори ҷомеаро заиф месозад, балки ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таҳдид менамояд. Ин зуҳуроти номатлуб эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ ва низоми қонунгузориро коста намуда, сохторҳои муҳими ҷомеаро заиф мегардонад. Аз ин рӯ, пешгирии коррупсия ҳамчун воситаи самараноки ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бояд яке аз афзалиятҳои стратегӣ ва амалӣ барои ҳар як давлат ва ҳар як ниҳоди давлатӣ бошад.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
