Форуми ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дуюми декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Ҳамкорӣ барои пешрафт: роҳ ба сӯи баробарии гендерӣ» баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки сиёсати дохилии гендерӣ соли 1994 бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакл гирифт, ки дар он шахс, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардиданд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои занон, фароҳам овардани шароити муносиби корию зиндагӣ барои занон, таҳкими мақому манзалати онҳо дар ҷомеа мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ сиёсати давлатии занонро роҳандозӣ намуда, зимнан, баҳри ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон силсилаасноди меъёрии ҳуқуқиро қабул ва мавриди иҷро қарор додааст.
- Тавассути ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа», «Консепсияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат» нақш ва мақоми занон дар мамлакат боло рафта, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид, ки муносибатҳоро барои таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра танзим менамоянд, - зикр кард Мавсума Муинӣ.
Дар форуми мазкур вакилони Маҷлиси намояндагон, масъулони вазорату идораҳо, шарикони рушд, созмонҳои миллию байналмилалӣ ва коршиносон аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
