https://sadoimardum.tj

Баробарҳуқуқии мардону занон

№:18 (5070), 16 фев 2026, 16:47
2

ВАКИЛОНИ КИШВАР ВАЗЪИ ИҶРОИ ҚОНУН ВА БАРНОМАҲОИ ДАР ИН САМТ АМАЛКУНАНДАРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ ба мавқею мартабаи занон дар ҷомеа   таваҷҷуҳи арзанда зоҳир намудааст. Дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мақоми шоистаи ­занон дар ҷомеа маҳаки асосӣ маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, дар замони соҳиб­истиқлолӣ бисёр қонунҳои кишвар боз­нигарӣ ва ба онҳо ислоҳот ворид шуд. Ин нукта зимни ҳамоиши байналмилалии «Дастовард ва чолишҳо дар раванди амалишавии сиёсати баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон», ки 12-уми феврали соли 2026 бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон доир гардид, зикр шуд.

Дар кори ҳамоиш аз ҷумла, Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Илҳомиддин Вализода, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фрута Кейко, сафири   фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фаррух Усмонов, директори иҷроияи Форуми парламентҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD), Наргис Раҳимова, роҳбари Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Мавсума Муинӣ баргузории ҳамоишро муҳим арзёбӣ намуда, гуфт, ки ҳадафи он баррасии вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амали­гардонии онҳо», мусоидат ба таҳкими тавонмандии ҷомеа дар коҳиш додани таҳдидҳои глобалӣ мебошад.

Иштирокчиёни ҳамоиш таъкид намуданд, ки  баробарии гендерӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян шудааст. Ин мавқеъ дар як қатор санадҳои муҳими ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 17 ва 35) ва стратегияҳои давлатӣ инъикос ёфтааст. Тавре дар ҳамоиш зикр шуд, яке аз санадҳои калидӣ «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Стратегияи мазкур ва барномаҳои давлатии дар ин самт роҳандозишуда ба таъмини баробарии ҳуқуқ ва имкониятҳои занон ва мардон, таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва афзоиши иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ нигаронида шудаанд. Натиҷаҳои ин ва чораҳои дигари андешидашуда аст, ки имрӯз   барои мардон ва занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсию иқтисодӣ имкониятҳои баробар фароҳам мебошад. 

Фаррух Усмонов зимни суханронӣ аз ҳамоиш нек истиқбол намуд ва гуфт, ки тибқи арзёбии AFPPD татбиқи барномаи амали Конфронси байналмилалии аҳолӣ ва рӯзномаи Ҳадафҳои рушди   устувор то соли 2030 бе таъмини гендерӣ ва густариши ҳуқуқу имкониятҳои занону духтарон имконнопазир аст. Бино ба иттилои ӯ, минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар расидагӣ ба мавзуъҳои гендерӣ пешрафт кардаанд, ки ин ба татбиқи бомуваффақияти тадбирҳо - паст кардани сатҳи камбизоатию нобаробарӣ, ҳамзамон,  расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд.

Фрута Кейко иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Ҷопон дар ин самт метавонанд мубодилаи таҷриба намоянд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил гарданд.

Сипас, кори ҳамоиш дар панҷ бахш: раванди татбиқи барномаҳои миллӣ ва дурнамои минтақавӣ дар мисоли баробарии гендерӣ, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалинамоии сиёсати баробарии гендерӣ, қонунгузории миллӣ дар танзими масоили баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварии гендерӣ, мубодилаи таҷриба дар самти таъмини баробарии гендерӣ, таҳкими тавонмандии занону ҷавонон дар коҳиш додани хатарҳои глобалӣ, норасоии об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо идома ёфт. Дар ин бахшҳо дар баробари вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, инчунин, мутахассисону  коршиносони хориҷӣ - Лидиа Ҳанифа, вакили Парламенти Индонезия, Лидия Петкоска, вакили Парламенти Македонияи Шимолӣ, Эни Матибаг, вакили Парламенти Филиппин ва Мадиҳа Латиф, ноиби президент оид ба ҳамкории стратегӣ ва инноватсияи «Pathfinber naternational»   тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: