Иштироки Файзалӣ Идизода ДАР ҷаласаи АП СААД
7-уми декабри соли 2025 ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуд.
8-уми декабр дар шаҳри Москва қабл аз оғози ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба хотири гиромидошти қурбониёни ҶБВ дар пояи муҷассамаи «Аскари номаълум» гулчанбар гузоштанд.
Роҳбарони ҳайатҳои парламентӣ ва ҳамроҳонашон, ҳамчунин, бо экспозитсияи таърихӣ-ватандӯстӣ таҳти унвони «Ғалабаи бузург» бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ шинос шуданд. Ба маъраз беш аз 700 номгӯ ёдгориҳои нодир доир ба ҶБВ аз осорхонаҳои Россия ва Беларус гузошта шуда буд.
8-уми декабр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз оғози таъсисёбӣ дар амалӣ намудани нақша, вазифаҳо ва талаботҳои оиннома ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Қабули беш аз сад санади модели қонунгузорӣ, аз ҷумла қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳо оид ба ҳамгунсозии соҳаҳои алоҳидаи қонунгузорӣ, аз самаранокии фаъолияти созмон дарак медиҳад.
- Бо мақсади такмил додани фаъолияти Ассамблеяи парламентӣ пешниҳод менамоем, ки дар давраи ҷашни бистсолагии таъсиси ассамблеяи парламентӣ натиҷаҳои фаъолияти худро дар самти ҳамгунсозии қонунгузории кишварҳои узв мавриди таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ қарор диҳем. Зарур аст, ки назорати иҷрои қарорҳои марбут ба фаъолияти сулҳпарварӣ, амнияти киберӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тақвият дода шавад, инчунин, табодули гуманитарӣ ва маърифатӣ ҷиҳати ташаккули фарҳанги умумии амният рушд дода шавад, - изҳор дошт Файзалӣ Идизода.
Дар фарҷоми суханронӣ изҳори бовар карда шуд, ки тавассути таҳкими эътимод, ҳамбастагӣ ва дастгирии мутақобил метавонем ба таври муассир ба таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир муқовимат намоем.
8-уми декабр Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин бо раисони парламентҳои давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ - иштирокдорони ҷаласаи Ассамблеяи парламентии СААД мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва рушди муносибатҳои байнипарламентӣ баррасӣ гардиданд.
Сарвари Россия нақши калидии дипломатияи парламентиро дар таъмиқи равандҳои интегратсионӣ дар доираи СААД таъкид кард. Зикр шуд, ки Ассамблеяи парламентӣ қариб 20 сол пеш, соли 2006, таъсис ёфта, дар такмил ва ҳамгунсозии қонунгузории кишварҳо дар соҳаи мудофиа ва амният саҳми назаррас мегузорад. Дар ин самт, нақши Қонуни намунавӣ оид ба мубориза бо терроризм чун яке аз унсурҳои муҳими пойгоҳи меъёрӣ махсус таъкид шуд.
Муҳтарам Владимир Путин ба роҳбарони ҳайатҳои парламентӣ барои иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи парламентии СААД изҳори сипос намуд.
Раисони парламентҳои кишварҳои СААД низ барои имкони мубодилаи афкор изҳори миннатдорӣ карда, омодагии худро ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
