Бо паёми раҳнамунсоз дар назди интихобкунандагон
Дар доираи вохӯрии вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, вакилони Маҷлиси намояндагон Фарзона Хоҷазода дар шаҳри Ваҳдат бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ нуктаҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла таҳлили даҳ соли охири рушди иқтисодии кишвар, иҷрои ҳуҷҷатҳои стратегӣ, таъмин намудани заминаҳои ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ, таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд гардидани музди маош, стипендияҳо, нафақа ва ҳадди ақалли музди меҳнат, таҳия ва қабули як қатор қонунҳои нав ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, вазифаҳо дар самтҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонон ва занон, сиёсати хориҷӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди шарҳу баррасӣ қарор гирифтанд.
Сокинони шаҳр иброз доштанд, ки Паём ва роҳи пешгирифтаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати Ҳукумати мамлакатро пурра ҷонибдорӣ карда, дар амалӣ гаштани онҳо дар маҳалҳо саҳми шоиста мегиранд.
Дар натиҷаи заҳмату талошҳои аҳлонаю ватандӯстонаи сокинони бонангу номуси шаҳри Ваҳдат ҳоло корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома дошта, симои кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳо зебо ва сатҳи некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар гаштааст.
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Саодатшо Матробиён бо сокинони ноҳияи Ишкошим баргузор гардид.
Саодатшо Матробиён аз рӯйдодҳои таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ба имзо расидани Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид то вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар, вазъи сиёсӣ ва геополитикии ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз хурофотпарастию тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, ватандӯстию арҷгузорӣ ба мероси пурарзиши ниёгонамон, азхудкунии донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, захираи маводи ғизоии дусола ва дигар нуктаҳои Паёмро ба интихобкунандагон шарҳ дод.
Сокинони ноҳия аз баргузории чунин вохӯрии судманду таъсирбахш изҳори миннатдорӣ баён дошта, иброз намуданд, ки бо бардошт аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки онҳо сабақ ва руҳу илҳоми тоза гирифта, ҳамеша дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, вусъати корҳои ободониву созандагӣ камари ҳиммат бастаанд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Ғайрат Азиззода ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагон дар ноҳияи Мастчоҳ зикр намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, фаъолияти мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва натиҷаҳои бадастомадаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври дақиқу ҳамаҷониба таҳлил шудааст.
- Соли 2025 «Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030» ҳамчун марҳалаи ниҳоии «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз афзоиш меёбад. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмин намудани рушди босуботи мамлакат ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он, яъне дар 7 соли охир, беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст, - гуфт Ғайрат Азиззода.
Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилҷон Шамшерзода бо сокинони ноҳияи Восеъ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим, маърифати ҳуқуқӣ, нақши зеҳни сунъӣ дар рушди иқтисодии кишвар шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Зикр гардид, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули фарҳанги сиёсии аҳолӣ мавқеи ниҳоят арзишманд доранд, зеро мардум ҳам ба дастовардҳо ва ҳам ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар шинос мешаванд.
Таъкид гардид, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст ва ҳар як фарди ҷомеа барои пешрафти давлат ва ободии Ватани азизи хеш бояд кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳибифарҳанг будани миллати тоҷикро нишон диҳад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон Сарвиноз Маҷидзода ва Наима Солизода дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти самимӣ оростанд.
Зикр шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии мамлакат ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд.
Таъкид гардид, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.
12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ҷонибдорӣ шуд. Қаблан бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардида буд.
Пешвои миллат сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода мешавад. Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд.
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Асадулло Мирзо бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Вакили мардумӣ Асадулло Мирзо иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат фарогири масъалаҳои муҳим ва мубрами давлатдорӣ буда, дар он самтҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти энергетикӣ, рақамикунонии иқтисод, таҳкими соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ, дастгирии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудаанд.
Таъкид гардид, ки ҳама дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ самараи сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва фаъолияти пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати софдилонаи мардуми сарбаланди тоҷик мебошанд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Саидӣ бо табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ доир шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони соҳа ва татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дилафрӯз Саидӣ оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нақши муҳими табибон дар таъмини солимии ҷомеа ибрози назар намуд.
Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Ҳасанзода бо интихобкунандагон доир шуд.
Насрулло Ҳасанзода иброз намуд, ки Паёми Президенти кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, муайянкунандаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳали зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд, зеро Президенти кишвар дар Паёмашон соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд.
Сокинони ноҳия иброз доштанд, ки онҳо Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор дода, баҳри ободониву шукуфоии Ватанамон аз ҳарвақта дида беҳтару хубтар кору зиндагӣ менамоянд.
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода бо ҳайати устодону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ ва кормандони соҳаи маорифи шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
Сурайё Дӯстмуродзода доир ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, тарбияи насли наврас дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, садоқат ба халқу Ватан, сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд.
Гуфта шуд, ки ташаббуси таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе қадами муҳим дар роҳи муаррифии таъриху фарҳанги куҳан, арзишҳои умумибашарӣ ва саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ аст. Ин марказ барои таҳкими муколамаи тамаддунҳо, ҳамкории фарҳангӣ ва илмии халқҳои гуногун, инчунин, таблиғи ғояҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта хизмат менамояд. Бешубҳа, таъсиси чунин муассисаи муҳими ҷаҳонӣ дар пойтахти кишвар далели равшани сиёсати фарҳангпарварона ва дурбинонаи Пешвои миллат мебошад.
Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ҷиҳати иҷрои нишондодҳои Паёми Роҳбари давлат саҳмгузор бошанд.
Дар шаҳри Панҷакент вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода бо сокинон доир шуд.
Парвиз Шодизода таъкид намуд, ки Паёми Президенти кишвар дастури раҳнамо барои тамоми сокинон ва ҳуҷҷати рӯимизии ҳар як шахс мебошад.
- Дар Паём самтҳои муҳими ҳаёти кишвар ҳамаҷониба таҳлил ва вазифаҳои мушаххас ҷиҳати рушди кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум муайян гардиданд. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳарвақта саъю талош намоем. Ба хотири таълиму тарбияи кӯдакон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намоем, - изҳор дошт Парвиз Шодизода зимни суҳбат бо интихобкунандагон.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
Сулаймон СУЛТОНОВ,
Исломи РАҶАБАЛӢ,
Диловари Мирзо,
Машҳур Имомназаров,
Нодир Турсунов,
Ҷамшеди САБОҲиддин,
Субҳониддин Маҳмудов,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
