https://sadoimardum.tj

Бо паёми раҳнамунсоз дар назди интихобкунандагон

№:2 (5054), 05 янв 2026, 19:19
12

Дар идомаи вохӯрию мулоқотҳои вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон суҳбати самимии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод ва Дилноза Аҳмадзода бо сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ вакилони мардумӣ доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ҳадафҳои стратегии мамлакат, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, мақоми занон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон ва бедор сохтани ҳисси мас­ъулиятшиносиву хештаншиносӣ дар замири онҳо, пос доштани Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи дас­товардҳои замони соҳибис­тиқлолӣ, рио­яи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар фарҷом дар бораи одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» инчунин, дигар нуктаҳои Паём табодули афкор сурат гирифт. 

Дар шаҳри Конибодом вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Нас­рулло Маҳмудзода бо фаъолон ва кормандони соҳаҳои гуногун баргузор шуд.

Насрулло Маҳмудзода Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шарҳ дод. Таъкид гардид, ки дар Паём ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, тақвияти нақши ҷавонон ва занон дар ҷомеа, ҳамчунин, таҳкими сулҳу субот таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҳамчунин, оид ба иҷрои қонунҳо, масъулияти шаҳрвандӣ, дастгирии ташаббусҳои иҷтимоӣ ва саҳми ҳар як сокин дар рушди маҳал ибрози назар карда шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат вазифаи ҳамаи мо мебошад.

Дар ноҳияи Данғара вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмадшоҳ Гулзода бо интихобкунандагон баргузор шуд.

Маҳмадшоҳ Гулзода доир ба рушди иқтисодиёт, молия, саноат, нақлиёт, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, маориф ва илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, занон ва мавқеи онҳо дар низоми давлатдорӣ ва дигар соҳаҳои муҳим, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона шудааст, сухан гуфт.

Зикр гардид, ки қабули қатъномаҳо доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» аз дастовардҳои асосии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ буда, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор оид ба масъалаҳои мубрами глобалии сайёра шинохта шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Илҳом Камолзода бо сокинони деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот намуд. 

Номбурда Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод. Ҷиҳати иҷрои саривақтиву босифати дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки аз Паёми навбатиашон бармеоянд ва дигар масъалаҳои марбут ба беҳсозии шароити зисти аҳолӣ суҳбатҳои самимиву судманд доир шуд.

Иштирокдорони мулоқот бо шукр­гузорӣ аз сулҳу суботи кишвар, роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат омодагии хешро дар мавриди татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дастуру ҳидоят­ҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дош­та, ба саволу дархостҳояшон ҷавобҳои дақиқ гирифтанд.

Дар МТМУ №53-и ба номи Саидҷон Ҳакимзодаи шаҳри Кӯлоб вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шарифҷон Ҳакимзода, Фирӯз Ҳақназарзода ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Восифҷонзода бо сокинони шаҳр мулоқот намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд. 

Вакили Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода иброз дошт, ки соли 2025 барои Тоҷикистон соли дас­товардҳои назаррас ва рӯйдодҳои таърихӣ буд. Ҳамчунин, изҳор гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ кишвари ташаббускори ҳифзи пиряхҳо ва мероси фарҳангӣ шинохта шудааст. Шарифҷон Ҳакимзода, ҳамчунин, аз падару модарон даъват ба амал овард, ки фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва меҳнати созанда тарбия намуда, ҷавонону наврасонро илму дониш ва касбу ҳунар омӯзонанд, то дар оянда Тоҷикистони азизро боз ҳам пешрафта намоянд. 

Дар идомаи вохӯрӣ вакил Фирӯз Ҳақназарзода вобаста ба самти илму технологияи муосир изҳори андеша намуд. Аз ҷумла гуфт, мо бояд кӯшиш кунем, ки ҷавонон соҳиби донишҳои муосир ва касбу ҳунар гарданд, илму технологияи замони муосирро омӯзанд, забонҳои русӣ ва англисиро аз худ кунанд, инчунин, фарҳанг ва тамаддуни худро ҳифз намоянд.

Дар қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб вакили Маҷлиси намояндагон Муҳаммадулло Шерализода бо сокинони деҳоти Варзоб-Қалъа, Чорбоғ, Лучоб ва ба номи С. Айнӣ вохӯрӣ намуд.

Номбурда ёдрас намуд, ки мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

- Боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли 2025 бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Пазируфтани ин ташаббуси кишвари мо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад, - зикр кард номбурда.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ғиёсиддин Ашурзода бо сокинони ноҳияи Шаҳринав мулоқот намуд. 

 Ғиёсиддин Ашурзода зикр кард, ки дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шудааст.

 Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинони ноҳияи Шаҳринав атрофи мавзуъҳои вохӯрӣ мубодилаи афкор намуда, ба саволу муроҷиатҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ ба интихобкунандагон дар шаҳри Исфара вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва Мадина Бобоиён шарҳу тавзеҳ доданд.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеаро муайян менамояд. Дар Паём ба таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешрафти соҳаҳои маорифу тандурус­тӣ, саноатикунонии босуръат ва рақамикунонии иқтисод таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок буда, татбиқи онҳо фаъол будани ҳар як шаҳрванди кишварро талаб менамояд.

Мадина Бобоиён ба сиё­сати иҷтимоии давлат, дастгирии қишрҳои ниёзманд, рушди неруи инсонӣ ва нақши ҷавонону занон дар пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ таъкид кард, ки дар Паёми Сарвари давлат тарбияи ватандӯс­тии ҷавонон, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими мас­ъулияти шаҳрвандӣ  мадди назар аст.

Зикр гардид, ки Пешвои миллат ҷавононро неруи пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ намуда, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили босифат, ҷойи кори доимӣ ва рушди қобилияти онҳоро аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ медонанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода ва Ғафурҷон Собирзода бо сокинони деҳоти Турсун Тӯйчиев ва Работи шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд. 

Таъкид гардид, ки Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳанг, дар маҷмуъ, тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи кишвар буда, барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст роҳнамои кору зиндагӣ мебошад. 

- Пешвои миллат дар Паём ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза ба терроризму экстремизм ва такмили қонунгузорӣ дастурҳои мушаххас доданд, - иброз доштанд вакилони мардумӣ зимни суҳбат. 

Иштирокчиёни ҷамъомад вобаста ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикру андешаҳояшонро баён намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Дар қисми низомии 87740, воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Бибиосия Аюбӣ бо афсарон, сарбозон, фаъолон, аҳли илм, ходимони дин ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид. 

 Бибиосия Аюбӣ Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шаҳрҳу тавзеҳ дода, онро ҳамчун роҳнамои кору фаъолият арзёбӣ намуд.

 Ҳамчунин, ба таҳкими худшиносии миллӣ, зарурати ҳифзи истиқлолу амният, хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби ҷасорат ва садоқат ба Ватан, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Баъд аз анҷоми мулоқот вакил якҷо бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо шароити хизмати сарбозону афсарон ва вазъи будубоши онҳо шинос шуданд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

Сулаймон СУЛТОНОВ,

Исломи РАҶАБАЛӢ,

Нодир Турсунов,

Субҳониддин Маҳмудов,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: