https://sadoimardum.tj

Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём ва масъулияти вакилони мардумӣ

№:6 (5058), 15 янв 2026, 16:32
0

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таҳлилӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ, роҳнамо ва дурнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон арзёбӣ гардида, на танҳо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян менамояд, балки ҳамчун асоси стратегӣ барои фаъолияти қонунгузорӣ, намояндагӣ ва таҳкими муносибатҳои байнипарлумонии вакилони мардумӣ заминаи устувор мегузорад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳим ва афзалиятноки рушди давлатдорӣ дорои қувваи баланди сиё­сӣ-ҳуқуқӣ ва аҳамияти стратегӣ мебошад, ки самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти қонунгузориро муайян менамояд. Маҳз, аз ҳамин ҷиҳат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад ва татбиқи он механизми дақиқ ва масъулиятнокро талаб мекунад. 

Дар ин раванд нақши вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намояндагони мардум дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ муҳим буда, онҳо дар баробари фаъолияти қонунэҷодкунӣ, инчунин, дар татбиқи самтҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муайяншуда масъулият доранд.

Вакилони мардумӣ дар раванди фаъолият дар самти қонунэҷодкунӣ дар заминаи ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои муайян­гардида масъулияти мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва дар таҳия­ву таҳрири нав қабул намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мутобиқ намудани онҳо ба ҳадафҳои стратегӣ ва дурнамои муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дошта, таъмини назорати дурусти иҷрои буҷети давлатӣ ва дигар барномаҳои рушди давлатӣ, шарҳу тавзеҳи ҷанбаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои ҷомеа ва махсусан, интихобкунандагон, таъмини ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ ва манфиатҳои иҷтимоӣ ва тадбирҳо вобаста ба таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ масъулияти вакилон дар татбиқи дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Механизмҳои татбиқи дас­турҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути фаъолияти парлумонӣ амалӣ карда мешавад, раванди бонизоми сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда, фаъолияти мунтазами вакилони мардумиро тақозо менамояд.

Воқеан, дастурҳои Паём заминаи устувор дар таҳияи қонунҳои нав ва такмили қонунгузории амалкунандаи мутобиқ ба раванди танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, истифодаи фаъолонаи ташаббусҳои қонунгузориро аз вакилон тақозо менамояд.

Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид намуданд, ки нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад. Таҳлили ҳамаҷонибаву пайвас­таи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ зарур мебошад, зеро таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар заминаи асосӣ буда, маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар таъмин гардида, сатҳи некуаҳволии халқ баланд бардошта шавад.

Иштироки фаъол ва масъулиятшиносии вакилон дар расонидани дастовардҳои соҳаи иқтисодии кишвар омили муҳими таҳкими суботи иҷтимоӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд гардидани эътимоди ҷомеа ба институтҳои давлатӣ мебошад. Маҳз, тавассути чунин фаъолия­ти созанда парламент метавонад саҳми арзандаи худро дар пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат гузорад.

Дар шароити татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтор ва соҳибкории миллӣ маҳз вакилон метавонанд робитаи мустақими байни ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандонро таъмин намоянд.

Фаъолияти назарраси вакилон дар ин самт ба баланд бардоштани сатҳи маърифати иқтисодии ҷомеа мусоидат намуда, назари шаҳрвандонро нисбат ба сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат тақвият мебахшад.

Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тав­сеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чораҷӯии парламенти кишварро барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ таъкид намуданд.

Вобаста ба ин масъала ва ҷиҳати таъмини иҷрои дастури мазкур вакилон дар фаъолияти ҳамарӯзаи касбӣ заминҳои ҳуқуқиро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таҳия намуда, ба ташаккули сиёсати ҳамаҷонибаи давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва омодасозии ҷомеа ба талаботи иқтисоди рақамӣ тадбирандешӣ менамоянд. Таъмини иҷрои босамари дастури мазкур Тоҷикис­тонро ба марҳилаи нави рушди устувор ва инноватсионӣ ворид менамояд. Инчунин, вакилон дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рақамикунонии соҳаҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои электронии давлатӣ, содагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва болоравии фарҳанги андозсупории соҳибкорон тадбирандешӣ намуда, бо ташаккули заминаи ҳуқуқии рақамикунонӣ, назорати татбиқи ислоҳот, содагардонии қонунгузории андоз ва таҳкими маърифати ҳуқуқию фарҳанги андозсупорӣ ба баланд шудани сифати хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва рушди устувори фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамоянд. 

Маврид ба зикр аст, ки дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳо ва дурнамои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварро пурра таҳлил ва ҷиҳати расидагии комил ба онҳо вазифагузориҳо намуданд.

Аз нуктаи назари сиёсӣ-ҳуқуқӣ нақши вакилони Маҷлиси намояндагон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ҳамчун унсури калидии низоми идоракунии давлатӣ дар таъмини иртиботи муассир миёни иродаи сиёсӣ ва механизми ҳуқуқии амалисозии он зоҳир гардида, дар таҳияи сиёсати давлатӣ тавассути қонунгузории стратегӣ, институтсионализатсияи ҳадафҳои миллӣ, назорати парлумонии иҷрои барномаҳои давлатӣ, мувозинати манфиатҳои давлат ва ҷомеа, таҳкими қонуният ва легитимизатсияи қарорҳои стратегӣ равона шуда, дар маҷмуъ, заминаи ҳуқуқии рушди устувор, суботи сиёсӣ ва татбиқи пайгиронаи афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам месозад.

Дар баробари таҳлили ин самтҳои муҳими меҳварии давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои иҷтимоӣ ҳамчун самти муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳ намуда, таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои калидӣ - илму маориф, тандурустӣ, фарҳангу шуғли аҳолӣ ва ҷавонону занонро дар даврони соҳибистиқлолӣ ва дурнамои ин соҳаҳоро бо мақсади рушд ва фароҳам овардани шароити мусоид пешниҳоди Маҷлиси Олӣ намуданд.

Дар ин раванд, вакилон бо ташаккули заминаи мукаммали қонунгузорӣ дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, шуғли аҳолӣ ва сиёсати давлатии ҷавонону занон ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакатро ба механизмҳои ҳуқуқии амалӣ табдил дода, ба таъмини ҳуқуқ ба таҳсил, мутобиқсозии низоми маориф ба талаботи замони муосир, рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими пояҳои маърифатии ҷомеа, ҳадафҳои гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмини инфрасохтори соҳаи маориф, дастгирии сиёсати иҷтимоӣ ва назорати иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба саломатӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи арзишҳои давлатӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарғибу рушди фарҳанги миллӣ ҳамчун унсури муҳими суботи иҷтимоӣ саҳм мегузоранд. 

Дар масъалаи шуғли аҳолӣ фаъолияти қонунгузорӣ ба фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии бозори меҳнат, дастгирии соҳибкорӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ равона шуда, сиёсати ҷавонону занон бошад, ҳамчун омили стратегӣ барои рушди дарозмуддати кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи вакилон қарор дорад. Нақши вакилон дар ин самтҳо на танҳо дар қабули қонунҳо, балки дар легитимизатсияи сиёсати иҷтимоии давлат, назорати тат­биқи он ва муайян намудани дурнамои рушди иҷтимоӣ зоҳир мегардад. 

Яке аз самтҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии кишвар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ ва дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир мебошад. Зеро дар шароити мураккаби раванд­ҳои муосири байналмилалӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ, зуҳури унсурҳои нави «ҷанги сард», афзоиши яроқнокшавӣ ва заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ нақши вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчун субъекти муҳими дипломатияи парлумонӣ аҳамияти махсус касб менамояд. Аз нуқтаи назари сиёсӣ-ҳуқуқӣ вакилон тавассути густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳимояи мавқеи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таблиғи принсипҳои сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва ҳалли баҳсҳо бо роҳҳои сиёсӣ-дип­ломатӣ дар таҳкими эътимоди байналмилалӣ саҳм мегузоранд.

Ҳамзамон, фаъолияти байнипарлумонӣ имкон медиҳад, ки манфиатҳои миллӣ дар фазои қонунгузории байналмилалӣ ҳифз гардида, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти амнияти минтақавӣ, рушди устувор ва ҳифзи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ муҳокима ва ҷонибдорӣ карда шавад.

Бо ироаи самтҳои асосии сиё­сати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистонро ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид карда, вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ва бо сатҳу сифати баланд таҷлил намудани чорабиниҳои ҷашниро яке аз вазифаҳои муҳим дар соли 2026 арзёбӣ намуданд ва ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ соли 2026-ро «Соли вус­ъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд.

Нақши вакилони Маҷлиси намояндагон дар татбиқи ташаббуси эълон гардидани «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» тавассути таъмини заминаи мукаммали сиёсӣ-ҳуқуқӣ, назорати самараноки иҷрои тадбирҳои давлатӣ ва сафарбарсозии ҷомеа ифода меёбад.

Вакилон бо қабули қарорҳои дахлдори парлумонӣ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории соҳавӣ ва дастгирии барномаҳои давлатии ободонӣ, рушди инфрасохтор ва ҳифзи мероси миллӣ заминаи ҳуқуқии татбиқи ин ташаббусро фароҳам меоранд. Дар баробари ин, вакилон бо фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотӣ, мулоқот бо интихобкунандагон ва таб­лиғи арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа нақши муттаҳидсозанда бозида, ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва сафарбар намудани неруҳои иҷтимоӣ ба корҳои созандагӣ мусоидат мекунанд.

Дилноза АҲМАДЗОДА, 

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: