https://sadoimardum.tj

Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди иқтисодӣ омили муҳими зиндагии шоиста

№:12 (5064), 03 фев 2026, 11:33
0

Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, фарогири тамоми масоили сиёсию иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва амнияти мамлакат мебошад. Қисми зиёди Паёми Пешвои миллат ба соҳаи иқтисодиёт бахшида шудааст, чунки иқтисодиёт асоси иқтидор ва суботи давлат ба шумор меравад. Баланд шудани сатҳу сифати зиндагӣ низ аз рушди иқтисоди кишвар вобаста аст.

Сарвари давлат зимни таҳлили вазъи иқтисодиёти мамлакат дар давоми даҳ соли охир аз зиёд шудани маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар чунин ёдовар шуданд: «Тайи даҳ соли охир, яъне, дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои «Стратегияи миллии рушд то соли 2030»-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳиму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт… Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд».

Пешвои миллат дар идома вазифа гузоштанд, ки суръати рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардад.

Дар дунёи муосир технологияи ҷадид ба тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон ворид шуда, онҳоро дар ҳар қадам такмил ва тағйир медиҳад. Навовариҳои технологӣ ҳаёти одамонро бароҳаттар, бехатар ва ҷолибтар гардонида, барои эҷодкорӣ ва худогоҳӣ имконияти бештар фароҳам меоранд. Технологияҳои рақамӣ боиси баланд шудани самаранокии меҳнат гардидаанд. Автоматикунонии ҷараёни истеҳсолот ва зеҳни сунъӣ ба муассисаҳо кумак мекунанд, ки хубтару дақиқтар кор кунанд ва ин ба баланд бардош­тани маҳсулнокӣ ва кам кардани хароҷот мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дастур доданд, ки ба самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад: «Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоя­гузориро тақвият бахшад. Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва даврагӣ, гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад».

Асоси иқтисодиёти дилхоҳ кишварро энергетика ташкил медиҳад, зеро бе манбаи энергия ягон соҳа фаъолият карда наметавонад. Пешрафти соҳаҳои саноат, нақлиёт, тиб, маориф, фарҳанг, сайру саёҳат аз устувории низоми энергетӣ вобастагӣ доранд. Имрӯз истеҳсолот, хизматрасонӣ ва тамоми ҷанбаҳои ҳаётро бе энергетика тасаввур кардан номумкин аст. Энергетика заминагузори дигар соҳаҳо буда, манбаи шуғл (ҷойҳои корӣ) ба шумор меравад. Бо назардошти аҳамияти соҳаи энергетика дар иқтисодиёти мамлакат Пешвои миллат чунин иброз намуданд: «Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа, иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд. Аз ҷумла, соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт, зиёд карда шуд».

Бояд гуфт, ки ин талабот ба неруи барқ дар ҷаҳон сол то сол меафзояд. Тибқи иттилои Агентии байналмилалии энергетикӣ (IEA), талаботи кишварҳои ҷаҳон ба неруи барқ аз 26000 тераватт соат дар соли 2023 то ба 50 000 тераватт соат дар соли 2050 афзоиш меёбад. Танҳо дар соли 2024 талаботи ҷаҳонӣ ба неруи барқ 4,3 дарсад афзуда, истифодаи он нисбат ба соли қаблӣ 1080,1 тераватт соат зиёд шудааст. Аз ин 629 тераватт соат ба насби кондитсионерҳо дар хонаҳои истиқоматӣ ва идораҳо рост меояд.

Яъне, бо сабаби насби таҷҳизоти гарму хунуккунандаи биноҳо талабот ба неруи барқ 400 фоиз афзудааст. Яке аз омилҳои якбора зиёд шудани эҳтиёҷ ба насби ин гуна таҷҳизот гармшавии глобалӣ, тағйирёбии иқлим ва барқикунонии соҳаҳои гуногун мебошад. Дар ҷумҳурии мо низ, тибқи таҳлилҳо, талабот ба неруи барқ афзоиш ёфта, соли 2030-юм нисбат ба соли 2025-ум 31 дарсад зиёд мегардад. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чунин таъкид карданд: «Дар замони соҳиб­истиқлолӣ дар кишвар 1 миллиону 300 ҳазор хонаи истиқоматии нав сохта шуда, беш аз 8 миллиону 400 ҳазор нафар сокинон шароити зисти худро беҳтар кардаанд. Танҳо дар 7 соли охир дар мамлакат 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст, ки ин ҳама боиси афзоиши истеъмоли неруи барқ гардидааст».

Мавриди зикр аст, ки бисёр кишварҳо роҳи осону зудтар қонеъ гардонидани талабот ба неруи барқро дар насби панелҳои офтобӣ мебинанд, зеро неругоҳи офтобӣ нисбат ба дигар неругоҳҳои барқ дар муддати кӯтоҳ сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин робита, соли 2024-ум 80 дарсади афзоиши истеҳсоли барқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҷаҳон ба таҷҳизоти офтобӣ рост омад. Ҳиссаи истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобию шамолӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз неругоҳҳои ҳароратии бо газ ва ангиштсанг фаъолияткунанда зиёд шуд. Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, дар ҷумҳурии мо низ доир ба бунёди неругоҳҳои офтобӣ корҳо идома доранд: «Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт - 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд. Мо тасмим гирифтаем, ки дар давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар кишвар якчанд неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор диҳем».

Яке аз бартариҳои кишвари мо дар самти энергияи «сабз» он аст, ки қариб 98 дарсади неруи барқи мамлакат тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Ба истифода додани иншооти бузурги аср - Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистонро ба кишвари бузурги содироткунандаи неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза табдил хоҳад дод. Президенти мамлакат дар Паём ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид карданд: «Моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома медиҳад. Ҳоло дар иншооти мазкур 18 ҳазору 600 нафар коргарон, яъне сохтмончиён ва кормандони муҳандисиву техникӣ, фаъолият доранд ва шумораи техника, яъне мошину механизмҳо, зиёда аз 3900 ададро ташкил медиҳад».

Шоҳидем, ки 26-уми июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи барқи обии «Себзор»-ро мавриди истифода қарор доданд. Неругоҳи мазкур аз се агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он 11 мегаваттро ташкил медиҳад. Он дар доираи дастгирии Ҳукумати мамлакат нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шуда, технологияи насбшуда имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 миллион кВт/ соат неруи барқи «сабз» истеҳсол карда шавад. НБО «Себзор» дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, он барои пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар самти таъмини аҳолӣ ва истеҳсолот бо неруи барқ сарфаю сариштакорона истифода бурдани он нақши муҳим мебозад. Тибқи хулосаи коршиносон, ҳамагӣ 9-10 дарсади талафоти неруи барқ ба бахши интиқол (шабакаҳои тақсиму интиқоли барқ) ва 90 дарсади боқимонда ба истеъмолкунандагон рост меояд. Баланд бардоштани фарҳанги сарфакорона истифода бурдани неруи барқ имкон медиҳад, ки талафоти неруи барқ кам шуда, сарборӣ ба зеристгоҳҳо рафъ гардад. Дар Паём Сарвари давлат ба ин нуктаи муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд: «Барои таъмин намудани талаботи афзоян­даи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ нақши калидӣ дорад. Бисёр муҳим аст, ки дар ин ҷода ҳамаи гурӯҳҳои истеъмолкунандагон сарфаю сариштакор бошанд».

Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду тараққии мамлакат ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони кишвар нигаронида шуда, дурнамои роҳи пешрафту тараққиёт аст. Ҳар яки моро зарур аст, ки нуктаҳои Паёмро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар рушду тараққиёт ва ободии кишвар саҳм гузорем.

Фарҳод КАРИМЗОДА, 

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: