Сипари истиқлоли меҳан
Дар низоми давлатдории муосир Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии пойдории давлат, таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад. Таърихи ҷаҳон борҳо собит кардааст, ки бе неруи низомии муназзам, муттаҳид ва касбӣ истиқлолияти давлатӣ наметавонад устувор бошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қарор дошт, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ амри ҳаётан муҳим ва тақдирсоз буд. Имрӯз, дар арафаи 33-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артиши миллӣ ҳамчун як ниҳоди пуриқтидор, боэътимод ва дорои мавқеи устувор дар ҷомеа муаррифӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ ба даст омад. Фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, заъфи идоракунии давлатӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва кашмакашҳои сиёсӣ кишварро ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ карданд. Дар чунин шароит таъсиси Артиши миллӣ танҳо тадбири низомӣ набуда, балки иқдоми сарнавиштсоз барои ҳифзи давлатдории навбунёд ба шумор мерафт.
Бинобар ин, 23-юми феврали соли 1993 таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид.
Ин қарор дар замоне қабул шуд, ки имкониятҳои моддиву техникӣ маҳдуд, вале масъулият ва хатарҳо ниҳоят бузург буданд. Бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулият дар назди Ватану миллат ин иқдоми ҷиддиро амалӣ намуданд, ки он, бешак, яке аз қарорҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ аст.
Аз ин ҷиҳат низ таърих ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бе нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ то имрӯз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Ҳамин сиёсати дурандешона, таваҷҷуҳи доимӣ ба вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, беҳтар намудани шароити зисту хизмат ва баланд бардоштани мақоми хизматчиёни ҳарбӣ дар ҷомеа аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба савганди ҳарбӣ мусоидат менамоянд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон иброз дошта буданд, ки «Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд».
Воқеан, дар солҳои аввали фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳ дар шароити бисёр душвор амал мекард. Камбудии кадрҳои касбӣ, таҷҳизоти нокифоя ва вазъи мураккаби сиёсӣ фаъолияти онҳоро мушкил мегардонд. Бо вуҷуди ин, Артиши миллӣ тадриҷан ба як неруи муттаҳид табдил ёфт, ки қодир буд амнияти давлат ва ҷомеаро таъмин намояд. Сарбозону афсарони Артиши миллӣ бо ҷоннисорӣ аз тамомияти арзии кишвар, сохти конститутсионӣ ва амнияти шаҳрвандон ҳимоят карданд. Ин давра дар таърихи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун мактаби ҷасорат, сабру таҳаммул ва садоқат ба Ватан бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Яке аз нақшҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон саҳмгузории онҳо дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Дар давраи душвор ва ҳассос Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди низомӣ, балки кафили амнияти равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд. Таъмини амнияти музокироти сулҳ, ҳифзи суботи ҷомеа ва пешгирии бесарусомониҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ дар он давра ба ҳисоб мерафт. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки сулҳи пойдор танҳо дар шароити мавҷудияти давлати қавӣ ва артиши боэътимод имконпазир аст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти мудофиа марҳила ба марҳила такмил ёфт. Ислоҳоти сохторӣ, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳо ва муосиргардонии техникаи ҳарбӣ ба афзалиятҳои асосии сиёсати мудофиавӣ табдил ёфтанд.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сохтори мукаммал буда, машқҳои мунтазами ҳарбӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир ва ҳамкориҳои байналмилалӣ сатҳи омодабошии ҷангии артишро бамаротиб боло бурдаанд.
Қудрати воқеии ҳар як артиш, пеш аз ҳама, ба руҳия ва ҷаҳонбинии хизматчиёни он вобаста аст. Дар Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон аҳамияти махсус дода мешавад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби ҷасорат, интизом, масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ аст.
Омӯзиши таърихи давлатдорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, эҳсоси масъулият дар назди Ватан ва садоқат ба савганди ҳарбӣ ҷавононро ба муҳофизони воқеии Истиқлолият табдил медиҳад. Ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро бо ифтихор адо менамоянд, пояи боэътимоди ояндаи давлат мебошанд.
Артиши Тоҷикистон дар заминаи анъанаҳои пурифтихори таърихӣ бунёд ёфта, идомадиҳандаи роҳи ниёгони шуҷоъ аст ва арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва садоқат ба давлату миллатро пос медорад. Қаҳрамонӣ, ҷасорат ва омодагӣ ба ҳифзи марзу буми кишвар имрӯз низ рукни асосии Артиши миллӣ ба шумор меравад.
Бо такя ба таҷрибаи таърихӣ ва руҳияи қаҳрамонони гузашта, Артиши муосири Тоҷикистон кафили сулҳу субот, амният ва Истиқлоли давлат мебошад ва ин анъанаи муқаддас аз насл ба насл идома хоҳад ёфт.
Имрӯз Артиши миллӣ дар зеҳни ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун рамзи амният, субот ва эътимод ҷойгоҳи устувор дорад. Эҳтироми мардум нисбат ба афсарон ва сарбозон нишонаи он аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳ рисолати худро бо шараф иҷро менамояд.
Ҷашни 33-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳам на танҳо иди низомиён, балки ҷашни умумихалқӣ мебошад. Ин рӯз ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки арзиши сулҳ, истиқлолият ва амнияти давлатиро амиқтар дарк намояд.
Дар тӯли 33 сол Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршараф ва пурмасъулиятро тай намуда, аз як сохтори навбунёд ба як неруи боэътимоди давлатӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Артиши миллӣ сипари устувори истиқлолият, кафили амнияти кишвар ва ифодаи иродаи қавии миллати тоҷик мебошад. Бо такя ба таҷрибаи таърихӣ, сиёсати дурандешона ва фидокории сарбозону афсарони далер метавон бо итминон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд низ рисолати муқаддаси худ - ҳифзи Ватан, миллат ва сулҳу суботи ҷомеаро бо сарбаландӣ иҷро хоҳад кард.
Эмомалӣ СОБИРЗОДА,
вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник
Ҳамчунин дигар маводҳо:
