https://sadoimardum.tj

Рисолати муқаддаси шаҳрвандӣ

№:23 (5075), 25 фев 2026, 16:58
0

Артиши миллии мо, ки дар марҳилаи барои сарнавишти миллату давлатамон ниҳоят вазнину ҳассоси таърихӣ таъсис ёфт, имрӯз ба як низоми пурқуввати мудофиавӣ, неруи тавоно дар ҳимояи марзу буми Ватан, кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва зиндагии осудаи сокинон мубаддал гардидааст.

Истиқлолият барои Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки дар баробари дигар арзишҳои миллӣ сиёсати мудофиавии мустақилро пеш барад, қонунҳои муҳимро қабул кунад ва барои амнияти марзу бумаш Қувваҳои Мусаллаҳашро таъсис диҳад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоят ва талошҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба неруи хиради мардум имрӯз ба як рукни муҳими давлатӣ, кафили сулҳу субот ва амнияти кишвар табдил ёфтааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари нангу номус, шараф, адолату асолати миллӣ буда, бидуни он ҳифзи арзишҳои миллӣ имконнопазир аст. Тақвияти иқтидори мудофиавӣ, навсозии доимии қисмҳои ҳарбӣ, тарбияи мутахассисони варзидаи соҳа, дар руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ омода кардани афсарону аскарон ва таҳкими ваҳдати миллӣ самтҳои асосии фаъолияти Артиши миллӣ ба шумор мераванд.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигар барои давлати мустақили Тоҷикис­тон дар солҳои аввали истиқлолият қабули Конститутсия – санади сарнавиштсоз ва ифодагари озодии халқ ба шумор мерафт. Бо қабул гардидани ин санади муҳим сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол муайян гардида, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар асоси боэътимод гузошта шуд. Аз ин ҷост, ки Конститутсияро бахтномаи миллат меноманд. 

Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Аз ин рӯ, хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба хотири ҳифзи Ватан вазифаи муқаддас аст ва ҳар фарди соҳибидрок бояд ҳамеша дар ин ҷиҳат омода бошад. Танҳо ҷасуриву бебокӣ, манфиатҳои миллатро аз ҳама боло гузоштан сарбозону афсаронро муваффақу соҳибном мегардонад. 

Ояндаи ҳар як давлат аз тарбия, омӯзиш, рафтору гуфтор ва пиндори насли ҷавони он вобаста аст. Бинобар ин, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ҷавононро ба иҷрои уҳдадории конститутсионии шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он омода месозад. Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ аз оила, мактаб ва ҷомеа оғоз меёбад. Тарбияи дуруст, шинохти асолату таърихи миллат, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ифтихор аз дастовардҳои кишвар метавонанд шаҳрвандоро ба роҳи садоқат ба Ватан ҳидоят созанд. Ватандӯстӣ танҳо сухан нест, он амал, масъулият ва омодагӣ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда, 24 декабри соли 2022 қабул гардидааст, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян шудаанд. Дар он мафҳуми «тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ» ҳамчун маҷмуи тадбирҳо баҳри дар тафаккури шаҳрвандон ташаккул додани дарки бошууронаи ҳимояи Ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳисси ифтихор аз мансубият ба халқи худ, дастовардҳои он ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба таърихи меҳан, хизмати ҳарбӣ, либоси низомӣ, ташаккули ҳисси ҳифзу ғанигардонии анъанаҳои пуршарафи ҳарбии ниёгон, абадигардонии хотираи муборизони дар роҳи ҳифзи Ватан ҳалокгардида шарҳ дода шудааст. Дар ҳақиқат, ҳар нафаре, ки тарбияи ватандӯстиро гирифтааст, дар ҷисмаш эҳсоси меҳанпарастӣ ҷӯш мезанад, ба таъриху фарҳанги миллати хеш эҳтиром гузошта, баҳри ҳимояи Ватан ҳамеша омода аст ва бо шуҷоату матонат онро собит менамояд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмард мактаби бузурги ҳаёт ва ҷасорат ба ҳисоб меравад. Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки ободию пешрафти кишвар бе сулҳу амният имконнопазир аст. Сулҳ неъмати бебаҳост ва онро танҳо бо иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ҳифз кардан мумкин аст. Ҳар ҷавоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунад, дар асл, барои оромиши хонаводаи худ, ­насли оянда ва шарафи миллат талош менамояд. 

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ шудааст, аҳамияти Артиши миллӣ, ки кафили амнияти миллату давлат мебошад, боз ҳам бештар гардидааст. Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Амният ва суботи давлат шарти асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбанд».

«Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки мисоли барҷастаи тарбияи руҳияи ҷавонмардӣ мебошад, бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ба ҳар як хонадони кишвар дастрас гардид. Ин туҳфаи беназир на танҳо рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихии миллат, балки як навъ даъват ба худшиносиву худогоҳӣ барои наслҳои имрӯзу фардо ба ҳисоб меравад. Дар он қаҳрамононе, мисли Рустаму Суҳроб, Фаридуну Коваи оҳангар, Сиёвашу Исфандиёр, ҳамчун рамзи ҷасорат, ҳомиёни адолат, ҳимоятгари марзу буми кишвар, шуҷоату матонат тасвир ёфтаанд. Аз ин рӯ, ин асар ҳамчун сарчашмаи боэътимод як василаи тарбиявию илҳомбахш ба ҷавонон барои эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулият мебошад. 

Артиши миллӣ ба маънои томаш сипари боэътимоди Ватан, ҳимоят­гари Истиқлолият, марзу буми кишвар, шарафу номуси миллат ба ҳисоб меравад. Дар муддати 33 сол Артиши миллии мо имтиҳонҳои сангину ҷиддиро гузашта, имрӯз ба девори бузурги ҳомии сулҳу субот ва фазои орому осуда мубаддал гардида, собитқадамона рушду такомул меёбад.

Ҳар яки мо масъул ҳастем, ки дар паҳлӯи Артиши миллӣ бошем ва дар ҳифзи Ватану муқаддасоти худ бо садоқат, шуҷоат ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ саҳмгузор бимонем.

Парвиз ШОДИЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: