Рамзи қудрат, ваҳдат ва суботи Тоҷикистон
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатӣ ба шумор меравад, ки ҳамасола 23-юми феврал дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ҳамчун рамзи таъсисёбӣ ва ташаккули Артиши миллӣ, инчунин, нишонаи садоқат, шуҷоат ва ватандӯстии афсарону сарбозони тоҷик арзёбӣ мегардад.
Мавриди зикри хос аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таъсис дода шудааст. 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он оғози расмии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию иҷтимоӣ ва дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ таъсиси неруҳои мусаллаҳи миллӣ барои ҳифзи истиқлолият, таъмини амният ва пойдории давлат нақши ҳалкунанда бозид.
Набояд фаромӯш кард, ки Артиши миллӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ марҳилаҳои муҳими рушду такомулро паси сар намуда, имрӯз ба неруи муназзаму пуриқтидор табдил ёфтааст. Омодагии баланди ҳарбӣ, интизоми қавӣ ва руҳияи ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ кафолати амнияти кишвар мебошад.
Дар солҳои аввал Артиши миллӣ бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла норасоии кадрҳои касбӣ, техникаи ҳарбӣ ва инфрасохтори зарурӣ рӯ ба рӯ буд. Бо вуҷуди ин, бо талошҳои Сарвари давлат ва садоқати хизматчиёни ҳарбӣ пояҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тадриҷан мустаҳкам гардиданд. Имрӯз Артиши миллии мо аз Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои махсус иборат аст. Ҳамчунин, сохторҳои дигари низомӣ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, дар таъмини амнияти миллӣ саҳм мегузоранд.
Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди низомӣ, балки мактаби ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстӣ барои ҷавонон мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмарди тоҷик шарафи бузург, масъулияти муқаддас ва нишонаи эҳтиром ба Ватан маҳсуб меёбад. Тавассути хизмат ҷавонон дар руҳияи интизом, масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Меҳан тарбия меёбанд.
Дар солҳои охир барои беҳтар намудани шароити хизмат, таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзил, техникаи муосир ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии онҳо тадбирҳои муҳим андешида шудаанд. Ин ҳама барои баланд гардидани нуфузи Артиши миллӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар кишвар бо баргузории парадҳои ҳарбӣ, ҷамъомадҳои тантанавӣ, мулоқот бо собиқадорони ҷанг ва чорабиниҳои фарҳангӣ таҷлил мегардад. Дар ин рӯз ба хизматчиёни ҳарбӣ рутбаҳо ва мукофотҳои давлатӣ тақдим мешаванд. Мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ низ барномаҳои тарбиявӣ баргузор намуда, саҳми Артиши миллиро дар ҳифзи сулҳу субот ба хонандагон шарҳ медиҳанд.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи қудрат, ваҳдат ва суботи кишвар аст. Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат барои ҳифзи истиқлолият ва оромии ҷомеа хизмат мекунад. Арҷ гузоштан ба заҳмату фидокории афсарону сарбозон қарзи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Бо неруи Артиши миллӣ Тоҷикистон метавонад роҳи рушди устувор ва ояндаи осоиштаро идома диҳад.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
