https://sadoimardum.tj

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

№:31 (5083), 18 мар 2026, 17:08
1

17-уми марти соли 2026 дар пойтахти мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум доир шуд.
Тавре аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар кори иҷлосия нахуст оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои 2 ва 21 гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот шунида шуд. Дар идома вакилон ваколати вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои 32 ва 47-ро пеш аз муҳлат қатъ карданд. Бинобар ин, бар ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои 32 ва 47-ум 20 майи соли 2026 интихобот муайян ва комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шуд.
Сипас рафти иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ҷиҳати вусъат додани корҳо дар самти татбиқи босамари нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои таъсиси ҷойҳои нави кор дар ҳама бахшҳои иқтисоду хизматрасонӣ, ҷалби қарзҳои имтиёзнок барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷавоно-ну занони бекор ба рушди ҳунарҳои мардумӣ тамоми имконияти мавҷуда самаранок истифода шаванд.
Вакилон дар идома татбиқи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар шаҳри Душанбе ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро муҳокима намуда, вобаста ба масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати иҷрои босифа-ти барнома ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби бештари сокинон ба тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши касбӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои тарбияи дурусти варзишга-рон ва дарёфти чеҳраҳои наву боистеъдод аз тамоми шароити муҳайёгардида истифода намоянд.
Вакилон, ҳамчунин, як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Дар ҷамъбасти иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми сарбаланди пойтахт бо анҷом додани корҳои созандагиву ободонӣ барои боз ҳам ободу зебо гардидани пойтахт ва, пеш аз ҳама, дар сатҳи шоиста таҷлил намудани Ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: