Тантанаи ҷашни Наврӯз дар Маҷлиси намояндагон
19-уми марти соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муно-сибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона баргузор гардид. Раиси Маҷлиси намоянда-гон Файзалӣ Идизода ҳозиринро ба муносибати фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, иброз намуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонии мардуми тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи забон, расму оин ва фарҳангу таърих буда, имрӯз ба яке аз рамзҳои муҳими фарҳангӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон табдил ёфтааст.
- Дар ҷаҳони муосир масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ барои ҳар давлат аҳамияти хос пайдо менамояд. Яке аз ҷанбаҳои муҳими Наврӯз арзишҳои умумибашарии он мебошад. Наврӯз дар моҳияти худ ҷашни сулҳ, дӯстӣ, ҳамзистии мусолиматомез, эҳтироми табиат ва инсон аст. Тавре Пешвои муаззами мил-лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз 20-уми марти соли 2024 зикр намуданд: «Моҳияту ҳикмат ва табиати Ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти ин-сон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, оини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст». Эътирофи байнал-милалии ин ҷашн ва саҳми Тоҷикистон дар густариши он, на танҳо боиси баланд шудани обрӯи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст, балки василаи муҳими дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон низ мебошад, - афзуд Файзалӣ Идизода.
Таъкид гардид, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамад-дуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз ме-роси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захи-раҳои об ва замин Рустам Латифзода, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҷамила Мусоҷонзода ва узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фирӯз Ҳақназарзода низ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуда, таърих, моҳият, аҳамият ва дигар махсуси-ятҳои Наврӯзи байналмилалиро шарҳу тавзеҳ доданд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
