https://sadoimardum.tj

Нахустин Форуми байнипарлумонии ОМ ва ИА

№:37 (5089), 03 апр 2026, 15:38
8

31-уми марти соли 2026 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Таъкид шуд, ки солҳои охир Осиёи Марказӣ ба платформаи муҳим барои муколамаи стратегии байни минтақаҳо табдил ёфта, муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба шарофати манфиатҳои муштарак ва эътимоди афзоянда ба таври назаррас рушд менамоянд.
Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки ба дурнамои ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ, хушбин ҳастем. Ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идоракунии сарҳадот, мубориза алайҳи маводи мухаддир, ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун назаррас арзёбӣ гардиданд.
- Амнияти Осиёи Марказӣ ва Аврупо бо ҳам зич алоқаманд аст. Дар доираи барномаҳои мушаххаси байниминтақавӣ ҷиҳати пешгирии таҳдидҳо ва таъмини амнияти минтақавӣ даҳсолаҳо фаъолона ҳамкорӣ дорем. Дар баробари ин, зарур мешуморем, ки ҷузъи амалии ин барномаҳоро бо назардошти вазъи кунунӣ дар заминаи амнияти минтақавӣ тақвият диҳем, - гуфт М. Муинӣ.
Дар фарҷоми форум изҳороти муштарак қабул гардид.

Ҳамчунин дигар маводҳо: