Баррасии масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсилот ва гузариш ба низоми 12-сола
10-уми апрели соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9 марти соли 2024 баён гардиданд, дар мавзуи «Масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсилот, гузариш ба низоми 12-солаи таълим» мулоқоти вакилон бо масъулини соҳа баргузор гардид.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммад Шоҳиён таъкид кард, ки масъалаҳои баррасишаванда, воқеан, барои рушди устувори давлат ва ҷомеаи мо аҳамияти калидӣ доранд. Соҳаи илму маориф ва танзими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, хусусан фаъолияти динӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки бевосита ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифат ва сатҳи масъулияти шаҳрвандии насли наврас таъсир мерасонанд.
Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода доир ба ваъзи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар, инчунин, тадбирҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва чораҳои ҳамкории байниидоравӣ андешаронӣ намуд.
Вобаста ба мавзуъ вакилони Маҷлиси намояндагон бо иштирокчиён табодули афкор намуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
