Ҷаласаи ҳамоҳангсозии АПО доир шуд
15-уми апрели соли 2026 дар доираи ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истамбули Туркия ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа аз ҷумла, таҳкими ҳамоҳангии байнипарламентӣ, густариши ҳамкориҳо дар минтақаи Осиё ва ташаккули мавқеи ягонаи кишварҳои аъзо дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қайд гардид, ки соли 2026 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал раёсати Кумитаи Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба уҳда гирифтааст. Ин иқдом ҳамчун марҳилаи муҳими таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳамкориҳои парламентии минтақавӣ ва саҳми фаъоли он дар пешбурди ташаббусҳои соҳавӣ арзёбӣ шуд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
