Аз ҳамоиши ИБ ва Форуми занони парлумонҳо
16-уми апрели соли 2026 дар ҳошияи ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истамбули Туркия ҷаласаи машваратии Иттиҳоди байнипарламентӣ ва Форуми 41-уми занони парлумон доир шуданд, ки дар кори онҳо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Саидӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни ҷаласаи машваратӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамоҳангсозии мавқеъҳои парлумонҳои кишварҳо оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ равона гардида, дар ҷараёни форум масъалаҳои таъмини риояи қатъии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башар, пешбурди ҳалли осоиштаи низоъҳо тавассути муколама ва гуфтушунидҳо, инчунин, таҳияи тавсияҳои амалӣ ҷиҳати рушди дипломатияи фарогир бо назардошти баробарии гендерӣ ва таҳкими равандҳои сулҳофар баррасӣ шуданд.
Дилафрӯз Саидӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба нақши калидии занон дар таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо ва ташаккули механизмҳои самарабахши идоракунӣ дар давраи баъдинизоӣ шарҳ дода, таъкид кард, ки таъмини дастрасии баробари занон ба захираҳои молиявӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва тақвияти баробарии гендерӣ аз ҷумлаи авлавиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт метавонад ҳамчун намунаи муассир барои кишварҳои узви ИБ хизмат намояд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
