https://sadoimardum.tj

Суханронии Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи 152-юми ИБ

№:46-47 (5098-5099), 22 апр 2026, 17:37
5

16-уми апрели соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия дар музокироти умумии ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истамбул иброз намуд, ки дар шароити имрӯз мо бо мушкилоту монеаҳое рӯ ба рӯ ҳастем, ки на танҳо ба тат­биқи ҳадафҳои рушди устувор, балки таъмини ҳамзистии осоишта ва татбиқи принсипҳои сулҳ ва адолат, ки ҳам барои мо ва ҳам барои наслҳои оянда муҳиманд, таъсир мерасонанд.

Таъкид шуд, ки мо аз афзоиши хушунат, муноқишаҳои мусаллаҳи минтақавӣ, поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон, вайроншавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва тартиботи устувори ҷаҳонӣ нигарон буда, ҳамаи амалҳоеро, ки боиси ранҷу азоби инсонӣ ва мушкилоти густурдаи башар гардида, ҳаёти аҳолии осоиштаро таҳдид менамоянд ва суботи минтақаро халалдор месозанд, маҳкум мекунем.

- Сарвари давлати мо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба аҳамияти ҳаётан муҳими дипломатия ва муколамаи созанда ҳамеша ба ҳалли осоиштаи ҳама баҳсу муноқишаҳо тавассути музокирот даъват менамоянд. Мо - вакилони мардумӣ бар он назарем, ки иҷрои самараноки вазифаҳоямон ба таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат ва ташаккули низоми устувори сиёсӣ мусоидат менамояд. Ба мо - вакилони мардумӣ имкон фароҳам шудааст, ки дар ташаккули умеду орзуҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа ба сулҳу созиш дар саросари ҷаҳон тавассути шаффофият ва иштироки шаҳрвандон дар раванди қонунэҷодкунӣ саҳм гузорем, - афзуд Файзалӣ Идизода.

Ҳамчунин дигар маводҳо: