https://sadoimardum.tj

Эмомалӣ Раҳмон шахсияте, ки Тоҷикистонро ба намунаи ибрат табдил дод

№:52-53 (5104-5105), 01 май 2026, 11:27
9

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз интиҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба масоили об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти марбут ба онҳо як қатор ташаббусҳои саривақтӣ пешниҳод карданд. Ба шарофати чунин сиёсати хирадмандона ва дурандешии Пешвои миллат мушкилоти ҷаҳонии об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба рӯзномаи аксар ҷаласаҳои муҳим ва чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид ворид гардида, дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон бонуфузтарин созмони байналмилалӣ - СММ 14 қатънома қабул кард.

Сабаби асосии мушкилоти мазкурро ба рӯзномаи ҷаласаҳо ва нақшаи чорабиниҳои Созмони Милали Муттаҳид ворид намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки дар шароити вусъат ёфтани равандҳои гармшавии иқлим, афзоиши норасоии оби нӯшокӣ дар тамоми гӯшаю канори кураи арз ва коҳишёбии босуръати пиряхҳои манотиқи кӯҳсору қутбӣ идоракунии устувори захираҳои об ба яке аз масъалаҳои мубрами асри ҷорӣ табдил ёфтааст. Мусаллам аст, ки ба масоили таъмини оби тоза омилҳои мухталиф, ба монанди тағйирёбии иқлим, афзоиши демографӣ, шаҳришавӣ (урбанизатсия), саноатсозӣ ва ғайра таъсир мерасонанд. Бо назардошти таъсири манфии чунин омилҳо ва маҷмуӣ будани мушкилоти глобалӣ Сарвари давлати мо ташаббусҳои ҷаҳонии хешро, ки давоми мантиқии ҳамдигаранд ва дар раванди татбиқ яке дигареро комил мегардонад, пешниҳод намуданд.

Давоми беш аз ду даҳсола аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бонуфузтарин ҳамоишҳои байналмилалӣ пайваста масъалаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро матраҳ менамоянд. Суханрониҳои Сарвари давлати мо дар ҳамоишҳо ҳамеша ба ҳамбастагии ҷомеаи башарӣ дар ҳалли мушкилоти об, иқлим ва пирях равона гардида, мудом даъват ба амал меоранд, ки дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, коҳиши партови газҳои гулхонаӣ на танҳо мушкилоти экологӣ, балки ­масъалаи башардӯс­тона низ мебошанд.

Мувофиқи арзёбиҳои илмӣ, соли 2022 беш аз 2,2 млрд. нафар аҳолии сайёра ба оби тоза дастрасӣ надоштанд. Агар тадбирҳои дурусту саривақтӣ андешида нашаванд, то соли 2030 тақрибан 5 млрд. нафар сокинони сайёра ба норасоии шадиди оби ошомиданӣ дучор мегарданд. Коҳишёбӣ ва ифлосшавии захираҳои об ба амнияти озуқаворӣ, ҳифзи экосистемаҳо, устувории рушди иқтисодӣ ва саломатии сокинон таҳдид намуда, дар масири расидан ба ҳадафҳои рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Дар шароити имрӯза 70 дарсади оби тозаи ошомиданӣ дар соҳаи кишоварзӣ истифода гардида, 60 дарсади он аз сабаби нодуруст истифода бурдани сис­темаҳои обёрӣ беҳуда сарф мешавад ва бар замми ин, тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 88 дарсади бемориҳо дар ҷаҳон ба сифати пасти оби нӯшокӣ ва камбуди об барои поккорӣ алоқаманданд. Ба ин маъност, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни яке аз суханрониҳо аз ҳисоби норасоии оби нӯшокӣ шадидтар гардидани мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодию экологӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ҳушдор доданд.

Ҷиҳати бартараф намудани ин мушкилот Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки дастгирии мунтазами рушди устувор, идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, мусоидат ба ҳамкорӣ ва шарикӣ дар самти дастгирии кишварҳои манфиатдор, ноил гардидан ба ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда зарур аст. Зеро, тибқи ҳисобҳо, айни замон қариб 700 млн. нафар дар 43 давлати дунё аз норасоии об танқисӣ мекашанд ва зиёда аз ин, коҳишёбии захираҳои об, алалхусус оби нӯшокӣ, боиси сар задани муноқиша байни кишварҳо мегардад. Танҳо давоми даҳсолаи охир ин гуна ихтилофот дар 46 давлат рух додааст.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфтаанд, маҳз бо назардошти чунин мушкилот рӯйи кор омада, ҷиҳати ҳалли онҳо тадбирҳои дурусту саривақтиро пешниҳод менамоянд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати мо дар самти обу иқлим роҳро барои гузаштан аз изҳороти декларативӣ ба тадбирҳои амалӣ боз намуда, барои самтҳои стратегии об, иқлим, пиряхҳо ва рушди устувор уфуқҳои нав кушоданд.

Маврид ба зикр аст, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати ҳамоҳангӣ ва ваҳдат дар ҳалли мушкилоти марбут ба идоракунии захираҳои об, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо равон гардид. Натиҷаи назаррас ҳамчун кишвари пешбарандаи асосӣ дар самти татбиқи амалии ҳадафи VI рушди устувор, яъне «Таъминоти дастрасӣ ва идоракунии устувори захираҳои об ва беҳдошт барои ҳама», эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон, Тоҷикистон бо сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кӯшишу талош менамояд, ки барои идомаи ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо платформаҳои муколамавӣ оид ба сиёсат, шарикӣ ва амалҳоро дар ин самтҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ фароҳам оварда, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд тадбирҳои мушаххасу амалии дигареро роҳандозӣ намояд, то экосистема ва сарсабзии сайёраи замин ҳифз шавад.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мақоми меҳани моро ҳамчун кишвари ташаббускори ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ба муттаҳид сохтани талошҳои кишварҳо дар масири мубориза бо ин мушкилот ва бартараф намудани онҳо қодир аст.

Сиёсати экологии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонро раҳнамун месозад, ки дар ҳалли масоили таъмини оби нӯшокӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо пайваста ҳамкорӣ кунанд ва дастҷамъона амал намоянд.

Маҳз чунин сиёсати дуруст, хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза ба мушкилоти экологӣ дар миқёси ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвари пешбарандаи дипломатияи об, пешгирии тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, платформаи муколамаи осоишта, рушди устувор ва ҳамбастагии башардӯстона табдил додааст.

Номвар ҚУРБОН,

Матлуба ИЗЗАТОВА,

омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: