Муаррифии 30 электробус ва оғози сохтмони иншооти нав дар Душанбе
5-уми майи соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Электробусҳо истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастрӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.
Нақлиёт бо 12 метр дарозӣ дорои 32 ҷойи нишаст буда, ҳаҷми умумии ғунҷоиши он то 100 нафарро ташкил медиҳад. Он, ҳамчунин, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани маълумотдиҳанда мебошад.
Мавриди тазаккур аст, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ то ин давра аз ширкати мазкур 60 электробус харидорӣ гардида, дар хатсайрҳои пойтахт мавриди истифода қарор доранд.
Зимни муаррифии электробусҳо иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт/соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш ба 300 км баробар мебошад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисмҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 солро ташкил медиҳад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо масъулон барои дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофирбар дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
![]()
Дар натиҷаи иқдоми наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири тадриҷан амалӣ гардидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе талаботи навро нисбат ба фаъолияти тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи мусофиркашонӣ, пеш овардааст. Дар оянда барои беҳтар намудани вазъи соҳа ва амалисозии қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2022-2028 дар пойтахт» тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
5-уми майи соли 2026, ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оғози сохтмони маҷмааи биноҳои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии №2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, Муассисаи нақлиётии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд.
Тавре аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, фармоишгари иншоот раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе маҳсуб шуда, он дар масоҳати 1,56 гектар бунёд хоҳад ёфт.
Маҷмааи мазкур дорои 3 бино аст. Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии №2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 5 ошёна бо таҳхона ва 45 ҳуҷраи кор, бинои Муассисаи нақлиётии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз 5 ошёна бо таҳхона ва 42 ҳуҷраи кор иборат мебошанд.
Иншооти мазкур, ҳамчунин, дорои майдонҳои тамрин, варзиш, сафороӣ, нуқтаи тақсими сӯзишворӣ, таваққуфгоҳҳои мошинҳо ва ҷаримавӣ мебошад.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дар муҳлати муайянгардида ва бо сатҳу сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонии иншооти бунёдшаванда ба кормандон ва масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
