Баррасии ҳамкориҳо бо Фаронса
4-уми майи соли 2026 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо вазир - ваколатдор оид ба баробарии занону мардон ва мубориза бар зидди табъиз дар Ҷумҳурии Фаронса Аврора Берже мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, тавонмандсозии занон ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, кафолатҳои баробарҳуқуқии занону мардон ва қонунҳои соҳавии қабулшуда таъкид гардид.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва платформаҳои бисёрҷониба табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур дар доираи сафари кории ҳайати парламентии Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба бо парламент ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса доир шуд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
