https://sadoimardum.tj

Мулоқот бо Клэр Мантел

№:56 -57 (5108-5109), 08 май 2026, 16:54
2

5-уми май вохӯрии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ, ҳамчунин, бо муовини дабири кулли гурӯҳи байниидоравӣ оид ба ҳифзи занон аз зӯроварӣ ва мубориза бар зидди қочоқи инсон хонум Клэр Мантел сурат гирифт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар самти ҳифзи занон аз зӯроварӣ, мубориза бо қочоқи инсон ва пешбурди баробарии гендериро баррасӣ намуданд.

Аҳамияти махсус ба табодули таҷриба дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва механизмҳои пешгирии зӯроварӣ ва дастгирии қурбониён зоҳир гардид.

Ҳамчунин дигар маводҳо: