Вохӯрии Мавсума Муинӣ бо Изабел Ром
5-уми майи соли 2026 мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо сафири Фаронса оид ба ҳуқуқи инсон ва масъули пешбурди ҷанбаи байналмилалии Ҳолокост хонум Изабел Ром доир шуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди табъиз ва таҳкими нақши занон дар ҷомеаро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи хоса ба табодули таҷриба дар пешбурди сиёсати ҳуқуқи инсон, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалӣ, ки ба ҳифзи озодиҳо ва арзишҳои бунёдии инсон равона шудаанд, зоҳир гардид.
Мавсума Муинӣ дастовардҳои Тоҷикистонро дар самти таҳкими механизмҳои институтсионалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, густариш додани фарҳанги таҳаммулпазирӣ, муколамаи байнифарҳангӣ ва рушди соҳаи маориф муаррифӣ намуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, имкони ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуда, аҳамияти пешбурди арзишҳои умумибашариро таъкид карданд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
