https://sadoimardum.tj

Хатмкунандагон ва иштирокчиёни барномаву лоиҳаҳои байналмилалии “Забони англисӣ барои мансабдорони давлатӣ/вакилони парламент” ва “Open World” ба шаҳодатнома сарфароз гардонида шуданд

14 май 2026, 09:30
11

13-уми майи соли 2026 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ аз ҷониби кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон Карсон Релитз Рокер ба як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар лоиҳаи “Забони англисӣ барои мансабдорони давлатӣ/вакилони парламент” иштирок ва онро бомуваффақият хатм кардаанд ва инчунин ба иштирокчиёни барномаи байналмилалии “Open World” (Ҷаҳони кушода) шаҳодатномаҳо тақдим карда шуд.

Нахуст муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ баромад карда, баён дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ИМА дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, башардӯстона ва дигар мавзуоти мавриди назари ҷонибҳо ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ин замина, Муинӣ М. аз таваҷҷуҳ ва саҳми Сафорати ИМА дар Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» махсус таъкид намуд.

Ҳамзамон, Муинӣ М. иштироки вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро дар Барномаи байналмилалии “Open World” намунаи равшани ҳамкориҳои созанда, самимӣ ва мутақобилан судманди ҷонибҳо номид.

Дар идомаи суҳбат аз таҳкими ҳамкориҳои ҷонибҳо ва расидан ба марҳалаҳои сифатан нави шарикӣ ва ҳамкорӣ изҳори умедворӣ карда шуд.

Дар фарҷом ба вакилони Маҷлиси намояндагон – хатмкунандагон ва иштирокчиёни лоиҳаҳои байнамилалӣ дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳо супорида шуд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: