https://sadoimardum.tj

Ёди неки фарзандони ҷонфидои миллат ҷовидону гиромӣ бод!

№:61 (5113), 21 май 2026, 11:27
17

19-уми майи соли 2026 бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар оромгоҳи Лучоб маросими ба замин супоридани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом дода шуд.

Файзалӣ Идизода зимни маросим аз ҷумла, иброз дошт, ки имрӯз дар таърихи давлатдории навини миллатамон саҳифаи наву пуршарафе боз хоҳад гашт. «Мо мушти хок аз оромгоҳи се тан аз бунёдгузорони давлати Тоҷикистон - Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро, ки қурбони беадолатиҳои соли 1937-и замони шуравӣ гаштаанд, дар Ватанамон ба замин месупорем.

Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи фарзандони ҷонфидои миллат Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур зинда гардонида шуда, ҳамчун қаҳрамони миллӣ муаррифӣ шуданд.

Ёди неки фарзандони ҷонфидои миллат - Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад абадан ҷовиду гиромӣ бод», - зикр намуд Файзалӣ Идизода.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Нусратулло Махсум 1 июли соли 1881 таваллуд шуда, яке аз нахустин поягузорони давлати миллии тоҷикон дар солҳои 20-уми қарни ХХ маҳсуб меёбад. Ин марди бузург аз раиси Кумитаи инқилобии ноҳияи Ғарм то Раиси Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 1929 бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаю ҷасуронаи Нусратулло Махсум ва дигар ватандӯстони миллат Тоҷикистон аз ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии шуравии сотсиалистӣ табдил дода шуд.

Нусратулло Махсум 8 июли соли 1937 дар шаҳри Москва ба ҳабс гирифта шуда, бо иттиҳоми сохтаи фаъолияти зиддишуравӣ айбдор ва 1 ноябри ҳамон сол ба қатл расонида шуд.

Ҷасади Нусратулло Махсумро дар қабристони умумии Дони нави шаҳри Москва ба хок супурданд.

28 декабри 1957 Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шуравӣ пешниҳоди Прокурори генералии Иттиҳоди Шуравиро баррасӣ намуда, ҳукми айбдориро дар ҳаққи Нусратулло Махсум бекор ва ӯро сафед кард.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 2006 Нусратулло Махсум ба унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гашт.

Шириншоҳ Шоҳтемур 1 декабри соли 1899 ба дунё омадааст. Аз январи соли 1921 узви Ҳизби коммунист буд. Баъди тақсимоти милливу ҳудудии Осиёи Миёна дар соли 1924 Шириншоҳ Шоҳтемур узви Бюрои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон таъин гардида, аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Душанбе ба кор фиристода шуд. Ҳамзамон, Шириншоҳ Шоҳтемур амалиёти зидди босмачиёнро низ роҳбарӣ кард.

Пас аз муборизаҳои зиёди фарзандони ҷонфидои миллат 16 октябри соли 1929 Анҷумани сеюми фавқулодаи шуроҳои Иттиҳоди Шуравӣ Эъломия дар хусуси табдил додани Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистонро қабул намуд.

Моҳи июни соли 1930 дар Анҷумани якуми муассисии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур котиби дуюми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии ҷумҳурӣ интихоб гардид. Ӯ соли 1933 Раиси Президиуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикис­тон интихоб шуда, ин вазифаро то моҳи июли соли 1937 ба уҳда дошт.

Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи нахустин ходимони давлатие буд, ки дар таъсиси давлату давлатдории тоҷикон нақши калидӣ доранд.

9 июли соли 1937, замоне ки Шириншоҳ Шоҳтемур дар шаҳри Москва қарор дошт, аз ҷониби кормандони Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) ба ҳабс гирифта шуд ва бо гуноҳи бофтаву сохтаи иштирок дар ташкилоти миллатгароёнаи зиддишуравӣ айбдор гардида, 27 октябри ҳамон сол ба қатл расонида шуд. Ӯро дар қабристони умумии Дони нави шаҳри Москва ба хок супурданд.

11 августи соли 1956 Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шуравӣ ҳукми айбдории Шириншоҳ Шоҳтемурро бекор ва ӯро сафед кард.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 2006 ба Шириншоҳ Шоҳтемур барои хизматҳои бузургаш дар поягузории давлати Тоҷикистон унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Нисор Муҳаммад - чеҳраи барҷастаи таърихӣ соли 1897 дар шаҳри Пешовари давлати Покистон ба дунё омадааст. Ӯ соли 1919 ба муҳоҷири сиёсӣ табдил ёфта, ба Осиёи Марказӣ паноҳ бурдааст.

Соли 1928 ба узвияти Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии мухтори шуравии Тоҷикистон қабул гардид. Нисор Муҳаммад дар вазифаи комиссари маорифи халқи Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ӯ пояҳои маориф ва илмро дар Тоҷикистон гузошт. Бо талош­ҳои ӯ аввалин китобҳои дарсӣ ва мактабҳо таъсис ёфтанд, инчунин, нахустин донишҷӯёни тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳрҳои Тошканд, Москва ва Ленинград фиристода шуданд.

Нисор Муҳаммад дар табдил ёфтани Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ба ҷумҳурии иттифоқӣ дар соли 1929 нақши муҳим бозидааст.

Ӯ 22 октябри соли 1937 бо иттиҳоми сохтаи фаъолияти зиддишуравӣ айбдор ва ба қатл расонида шуд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: