https://sadoimardum.tj

Баррасии нақши вакилзанон дар пешбурди рӯзномаи об

№:64-65 (5116-5117), 29 май 2026, 14:54
4

25-уми майи соли 2026 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода дар чорабинии канории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар мавзуи «Вакилзанони парлумонҳои Осиёи Марказӣ: пешсафӣ дар пешбурди рӯзномаи об барои рушди устувор» суханронӣ намуд.

Барно Саидвализода аз ҷумла, иброз дошт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз даҳ қатънома оид ба масъалаҳои об қабул намуда, дар кишвари мо мунтазам конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегарданд, ки дар таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва пешбурди дипломатияи об мусоидат менамоянд.

- Нақши занон дар идоракунии захираҳои об ва таъмини шароити зарурии санитарӣ-гигиенӣ имрӯз дар ҳамаи сатҳҳо бештар эътироф мегардад. Ба назар гирифтани омилҳои гендерӣ яке аз унсурҳои муҳимтарини таъмини истифода ва ҳифзи захираҳои оби ҷаҳон, инчунин, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва шаъну шарафи инсон тавассути фароҳам овардани шароити муносиби санитарӣ-гигиенӣ мебошад. Камбуди захираҳои об ҷомеаи ҷаҳонро водор месозад, ки барои таъмини дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ чораҳои фаврӣ андешад, - афзуд Барно Саидвализода.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: