https://sadoimardum.tj

Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Мартин Чунгонг

№:64-65 (5116-5117), 29 май 2026, 14:55
2

25-уми майи соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг, ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар кишвари мо қарор доштанд, мулоқот намуд.

Файзалӣ Идизода зимни суҳбат иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва рушди устуворро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилалии худ меҳисобад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд, имрӯз барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти он заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди байнипарламентӣ пайваста густариш ёфта, заминаи мусоиди муколамаи созандаи байнипарламентиро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ фароҳам намудааст.

- Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст. Имрӯз таъсири тағйирёбии иқлим ба кишварҳои ҷаҳон, бахусус ба минтақаҳои кӯҳӣ, зиёд эҳсос мегардад. Обшавии пиряхҳо, камшавии захираҳои об, хушксолӣ, офатҳои табиӣ ва мушкилоти марбут ба амнияти озуқаворӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки ҳамкориҳои байналмилалиро боз ҳам тақвият бахшанд. Мо дар ин раванд нақши парламентҳоро дар таҳкими дипломатияи парламентии об хеле муҳим мешуморем. Парламентҳо метавонанд тавассути такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, таҳкими назорати парламентӣ ва дастгирии сиёсати давлатӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор саҳми муассир гузоранд.

Маҷлиси намояндагон омода аст ҳамкориҳоро бо Иттиҳоди байнипарламентӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқлим, рушди устувор, баробарии гендерӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти парламентӣ ва рақамикунонии фаъолияти қонунгузорӣ, густариш диҳад, - изҳор дошт Файзалӣ Идизода дар фарҷоми мулоқот.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: