Номаи табрикӣ
28-уми майи соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Меҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Сагиба Алӣ гизи Гафарова номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Сагиба Алӣ гизи,
Лутфан, табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Озарбойҷон қабул намоед.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Озарбойҷон дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуд.
Итминон дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди байни ду давлат, ки бар асоси принсипҳои эҳтиром ва дастгирии мутақобила асос ёфтаанд, минбаъд низ ба манфиати мардуми кишварҳои мо босуръат рушд хоҳанд кард.
Ба Шумо, муҳтарам Сагиба Алӣ гизи, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ, дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Озарбойҷон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам».
Ҳамчунин дигар маводҳо:
